0:00
0:00

1. Бисёр бузургу боазамат аст, он ки ин Фурқон (Қуръон, яъне ҷудосозандаи ҳақ аз ботил)-ро бар бандаи Худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кард, то ҷаҳониёнро ба воситаи он аз азоби Аллоҳ бимдиҳандае бошад.
2. Он Зоте, ки аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде барои Худ нагирифтааст ва Ӯро шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст, пас онро ба андозаи муайян офаридааст.
3. Ва гирифтанд мушрикон ба ҷуз Аллоҳ маъбудоне (бутҳое)-ро, ки ҳеҷ чиз намеофаринанд ва худ махлуқанд. На молики зиён ва на молики суди худ ҳастанд ва на молики маргу зиндагӣ ҳастанд ва наметавонанд аз нав зинда намуданро.
4. Ва кофирон гуфтанд: Нест ин Қуръон ҷуз дурӯғе, (ки Муҳаммад) аз пеши худ бофтааст ва мардуме дигар ӯро бар он ёрӣ додаанд. Ба дурустӣ ситам ва дурӯғ ба миён оварданд.
5. Ва гуфтанд: «Ин Қуръон афсонаҳои пешиниён аст, ки ҳар субҳу шом бар ӯ имло мешавад ва ӯ менависадаш».
6. Эй Паёмбар, ба кофирон бигӯ: «Ин Қуръонро Зоте нозил кардааст, ки ниҳони осмонҳову заминро медонад. Ҳароина, ӯ омурзандааст барои касе аз гуноҳони худ тавба кардааст ва меҳрубон аст зуд онҳоро ба азоб намегирад!»
7. Гуфтанд (кофирон): «Чист ин паёмбарро, ки ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро Аллоҳ фариштае ба сӯи ӯ намефиристонад, то гувоҳӣ диҳад ба ростиаш ва бошад ҳамроҳи ӯ тарсонанда?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\578
8. Ё ин ки чаро аз осмон ганҷе барояш фуруд оварда нашавад? Чаро ӯро боғе нест, ки аз он бихӯрад?» Ва ситамкорон гуфтанд: «Шумо
фақат аз марди ҷодушудае пайравӣ мекунед!»
9.  Бингар эй Паёмбар, ки чӣ гуна бароят достонҳову масалаҳо меоваранд. Пас гумроҳ шудаанд аз роҳи ҳақ. Пас ҳеҷ роҳеро ба сӯи ҳақ намеёбанд, то он чиро дар шаъни ту нисбат додаанд аз дурӯғҳояшон рост бароранд.
10.   Аллоҳ бартару бузургвор аст, агар хоҳад, беҳтар аз он чи ба ту таманно карданд медиҳад, боғҳое, ки дар онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ бошад ва бароят қасрҳо падид оварад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\74
11.   Балки инҳо қиёматро дурӯғ ҳисобанд. Ва барои касоне, ки қиёматро дурӯғ ҳисобанд, оташи сӯзон омода кардаем,
12.   Чун бубинад дӯзах онҳоеро, ки қиёматро дурӯғ бароварданд, аз масофаи дур ҷӯшу хурӯшашро бишнаванд.
13.   Ва чун дастҳо бар гардан баста дар тангҷои дӯзах партофта шаванд, дуои бад кунанд худро дӯзахиҳо.
14.   Ба онон гуфта шавад: Имрӯз на як бор марги хеш хоҳед, балки марги хеш борҳо хоҳед!
15.   Бигӯ (эй Паёмбар): «Оё ин дӯзах беҳтар аст ё он биҳишти ҷовидон, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст, ки подошу саранҷоми онон хоҳад буд?»
16.   Барои ҷаннатиҳост дар ҷаннат омода он чи мехоҳанд ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ваъдаест, ки анҷом додани он ба зиммаи Парвардигори туст.
17.   Рӯзе, ки мушриконро бо чизҳое, ки ғайри Аллоҳи якто мепарастиданд, ба маҳшар гирд оварад ва сипас аз бутҳо пурсад: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ мекардед ё онҳо худ роҳро гум карда буданд?»,
18.   Дар ҷавоб мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ ва пок, моро насазад, ки ба ғайр аз ту дӯстоне бигирем, балки онон ва падаронашонро баҳраманд сохтӣ, то онҷо, ки ёди Туро фаромӯш карданд ва мардумони ҳалокшуда буданд.»
19.   Ба кофирон гуфта мешавад: Ҳамоно дурӯғгӯ ҳисобиданд шуморо ин бутон дар он чи мегуфтед. Пас наметавонед бартараф кардан аз худ азобро ва на ёрӣ додан якдигарро. Ҳар ки зулм (ширк) оварда бошад аз шумо, бичашонемаш азоби бузургро.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\580
20.   Ва Мо пеш аз ту паёмбароне нафиристодаем, магар ин ки таом мехӯрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд. Ва шуморо василаи озмоиши якдигар қарор додем. Оё сабр тавонед кард? Ва Парвардигори ту ҳамеша биност.
21.   Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо нозил намешаванд, то хабар диҳанд ба мо, ки Муҳаммад паёмбари бар ҳақ аст? Ё чаро Парвардигори худро аёну ошкоро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд дар пешниҳодҳои худ, саркашии бузурге.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\581
22.   Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд,(1) дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ муждае надиҳанд ва ба онҳо гӯянд: «Мужда (ҷаннат) бар шумо ҳаром аст!»
____________________
1. Дар вақти ҷон додан, баъд аз он дар қабр ва дар рӯзи қиёмат. Тафсири Саъдӣ 1 / 581
23.   Ва ба аъмоле, ки дар дунё кардаанд, пардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок (ғубор) барбод диҳем.
24.   Ахли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд.
25.   Ба ёд овар эй Паёмбар, рӯзеро, ки осмон ба василаи абрҳо пора-пора гардад ва фариштагон бар замин фиристода шаванд.
26.   Фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Аллоҳи меҳрубон аст. Ва барои кофирон рӯзи душворе хоҳад буд.
27.   Рӯзе, ки кофир дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд, дар пеш тирифта будам.
28.   Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам;
29.   Ба ростӣ, маро аз Қуръон, пеш аз он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамеша
одамиро танҳо хору залил мегузорад.(1)
____________________
1. Дар ин оят таҳзир барои касоне аст, ки бо шахсони бад ҳамнишину ҳамсӯҳбат мешаванд, зеро мешавад, ки ба сабаби онҳо (ҳамнишининони бад) инсон дохили дӯзах гардад.
30.   Паёмбар аз кирдори қавмаш шикоят карда гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман тарки Қуръон карданд ва дар оёти он на андеша мекунанд ва на ба он амал мекунанд!»(1)
____________________
1. Дар ин оят бим дода мешавад он касонеро, ки Қуръонро тарк намуда ва ба он амал намекунанд.
31.   Ҳамчуноне ки барои ту эй Паёмбар, аз гунаҳкорони қавмат душман падид овардем, инчунин ҳар паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!(1)
____________________
1. Дар ин оят тасаллӣ аст барои паёмбараш Муҳаммад саддаддоҳу адайҳи ва саддам.
32.   Ва кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон мисли Тавроту Инҷил ва Забур якбора бар Муҳаммад нозил намешавад?». Аллоҳ дар ҷавоби онҳо гуфт: Барои он аст, ки дили туро ба он устувор созем ва онро ба оҳистагиву тартиб фурӯ хонем.
33. Ҳеҷ масале барои ту наёваранд, магар он, ки посухашро (ҷавобашро) ба ростӣ ва некӯтарин баён биёварем.
34. Кофиронро, ки бар рӯй мекашанду дар ҷаҳаннам гирд меоваранд, онҳо ба ҷойгоҳ бадтару ба роҳи ҳақ гумгаштатаранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\583
35. Ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем ва бародараш Ҳорунро мададгораш сохтем.
36. Ва гуфтем: «Назди мардуме(1), ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд, биравед». Ва он қавмро ба сахтӣ ҳалок кардем.
____________________
1. Фиръван ва қавмаш.
37. Қавми Нӯҳро, чун паёмбаронро дурӯғгӯ шумурдаанд, ғарқ кардем ва онҳоро барои мардум ибрате сохтем. Ва барои ситамгорон азобе дардовар омода кардем.
38. Ва қабилаи Од ва Самуд ва асҳоби Расс(1) ва наслҳои бисёреро, ки миёни онҳо буданд, низ ҳалок кардем.
____________________
1. Деҳае аз деҳаҳои Самуд, Аллоҳу аълам Тафсири Табарӣ 19/ 269
39. Ва барои ҳамаи қавмҳо мисолҳое овардем бо ин ҳам имон наоварданд ва ҳамаро несту нобуд сохтем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\272
40. Ҳамоно расиданд мушрикони Макка ба деҳае(1), ки борони санг борида буд дар он. Оё надиданд ин деҳаро, то ибрат бигиранд? (Не), балки умеди аз нав зинда шуданро надоштанд.
____________________
1. Деҳаи қавми Лут, ки номи деҳа Саддум буд. Тафсири Табарӣ 19/ 272
41. Чун туро диданд, эй Расул, масхараат карданд, ки оё ин аст он паёмбаре, ки Аллоҳ бар мо фиристодааст?
42. Қариб буд, ки гумроҳ кунад моро аз парастиши маъбудони мо (яъне, бутҳо) агар сабру тоқат намекардем. Чун азобро бубинанд, хоҳанд донист чӣ касе гумроҳтар будааст.
43. Бингар эй Расул, оё он касро, ки ҳавои нафсро маъбуди худ гирифта буд, дидӣ? Оё ту зомини имоноварии ӯ ҳастӣ?
44. Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд оятҳои Аллоҳро? Инҳо чун чорпоёне беш нестанд дар
фаҳму тадаббури оятҳои Қуръон, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\86
45. Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро мекашад? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем.(1)
____________________
1. Яъне, агар офтоб намебуд, сояе намебуд ва ин вуҷуди офтоб аст, ки сабаби кӯтоҳ шудану баланд шудани соя мешавад.
46. Боз ҷамъ карда гирифтем сояро оҳиста-оҳиста ба сӯи худ.(1)
____________________
1. Ин оят далолат ба бузургӣ ва қудрати Аллоҳ мекунад, ки Ӯ танҳо лоиқи парастиш аст на ғайри Ӯ.
47. Ӯст Зоте, ки шабро барои шумо либос (пӯшише) қарор дод ва хобро роҳате ва рӯзро барои шумо вақти бархостанатон аз хоб сохт, то ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намоед.
48. Ва Ӯст, ки фиристод бодҳоеро, ки абрҳоро мебаранд ва мардумро бо борон мужда медиҳанд, ин раҳматест аз ҷониби Парвардигор Ва аз осмон оби поке нозил кардем,
49. то сарзамини мурдаро ба он борон зиндагӣ бахшем ва то бинӯшонем аз он
чи офаридем чорпоёну мардумони бисёреро.
50. Ҳамоно боронҳои бисёре бар замин нозил кардем, то бияндешанд неъмати Аллоҳро ва сипосгузорӣ кунанд. Вале бештари мардум ба неъматҳои Мо носипосӣ карданд!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\584
51. Агар мехостем, ба ҳар шаҳре бимдиҳандае мефиристодем, то мардумро ба сӯи Аллоҳ даъват намоянд ва онҳоро
аз азоби охират бим кунанд. Лекин Мо туро эй Паёмбар, барои ҷаҳониён мабъус гардондем ва фармудем, ки ин Қуръонро барояшон бирасонӣ.
52. Пас, кофиронро итоат макун ва ба ин Қуръон бо онҳо ҷиҳод кун, ҷиҳоди бузург!
53. Ӯст, ки ду дарёро ба ҳам биёмехт, яке ширину гуворо ва дигаре шӯру бадмазза.
Ва миёни он ду монеае ва садде устувор қарор дод, то боякдигар омехта нашаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\90
54. Ӯст, ки офарид аз оби нутфа инсонро ва сохт ӯро соҳиби наслу насаб ва
соҳиби қаробати домодӣ ва Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност!
55. Ва парастиш мекунанд кофирон ба ҷуз Аллоҳ чизеро, ки нафъу зарар нарасонад ба онҳо ва кофир бар мухолифати Парвардигори худ ба сабаби ширк оварданаш ва нофармонбардорӣ карданаш ёрдамдиҳандаи шайтон аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\285
56. Ва нафиристодем туро эй Паёмбар, магар муждадиҳанда мӯъминонро ба ҷаннат ва тарсонанда кофиронро аз азоби дӯзах.
57. Бигӯ: Ман аз шумо ҳеҷ музде наметалабам барои таблиғи рисолат, магар ин ки ҳар кӣ хоҳад, ба сӯи Парвардигораш роҳе ҳақ бигирад ва дар роҳи ризояти Ӯ нафақа кунад. Ман шуморо бар ин маҷбур карданй нестам, ҳамоно ихтиёр барои худи шумост.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\286
58. Ва таввакал кун бар Аллоҳе, ки ҳамеша зинда аст Ӯ, ҳаргиз намирад ва ба покӣ ёд кун Ӯро. Ва Аллоҳ басандааст ба эътибори огоҳ будан ба гуноҳони бандагони худ. Ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад ва ҳар якеро бар он ҳисоб мекунад ва ҷазои муносиб медиҳад.
59. Аллоҳ Зотест, ки биёфарид осмонҳо ва заминро ва он чи дар миёни осмону замин аст, дар шаш рӯз, ва бар арши худ истиво ёфт.(1) Ӯст Аллоҳи Меҳрубон ва дар бораи Ӯ (эй Паёмбар) аз касе бипурс, ки огоҳ бошад. (Яъне ба зоти поки Аллоҳ доност худи Ӯ ва медонад сифатҳои бузургии худро ва ҳеҷ касе донотар ба Аллоҳ таоло аз банда ва фиристодаи Ӯ Муҳаммад, -саллаллоҳу алайҳи ва саллам,- нест.)
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ
махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд.
60. Ва чун ба кофирон гуфта шуд, ки Раҳмонро саҷда кунед, гуфтанд: «Раҳмон кист? Оё бар ҳар кас, ки ту фармон медиҳӣ, саҷда кунем?» Ва зиёд кард ин сухан барои кофирон рамидан аз имон ва нафратро.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\288
61. Бузургу боазамат аст, он касе, ки дар осмон бурҷҳо(1) биёфарид ва дар он офтоби дурахшон ва моҳи тобон падид овард.
____________________
1. Ситораҳои бузург. Тафсири Бағавӣ 6\92
62. Ва Ӯст, ки шабу рӯзро барои касоне, ки мехоҳанд ибрат гиранд ё шукргузорӣ кунанд, аз пайи ҳам қарор дод.(1)
____________________
1. Яъне, ҷои якдигарро иваз мекунанд.
63. Бандагони солеҳи Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ (тавозуъ ва хоксорӣ) роҳ мераванд.
Ва чун ҷоҳилон ононро бо суханҳои носазое хитоб кунанд, гӯянд (дар ҷавоб): Салом бар шумо. (Яъне дар баробари ҷоҳилон сухани мулоим ва ҳакимона мегӯянд, ки аз озори онҳо ба саломат монанд.)
64. Ва онон, ки бисёр вақт шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон мегузаронанд.
65. Ва онон, ки (дар дуъояшон) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, зеро азоби ҷаҳаннам азобест доим!
66. Ҳамоно ҷаҳаннам бад қароргоҳу бад маконест».
67. Ва онон, ки чун нафақау эҳсон мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намеварзанд, балки эҳсонашон миёни исроф ва хасисӣ бошад муътадил.
68. Ва онон, ки бо Аллоҳи якто маъбуди дигаре намепарастанд ва намекушанд касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром карда, магар баҳаққи шаръӣ ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад.
69. Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд,
70. ғайри он касоне, ки сидқан тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Аллоҳ гуноҳонашонро ба некиҳо иваз мекунад ва Аллоҳ барои касе, ки тавба кунад омурзанда аст ва ба бандагонаш меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\312
71. Ва ҳар кӣ аз гуноҳони хеш тавба кунад ва кори шоиста кунад, ҳамоно вай
аз сидқи дил ба сӯи Аллоҳ тавба мекунад, пас Аллоҳ тавбаашро қабул мекунад ва гуноҳонашро ба некиҳо табдил медиҳад.
72. Ва онон, ки ба дурӯғ шаҳодат намедиҳанд ва чун бар нописанде (амал ё сухани ношоиста) бигзаранд, каримона бигзаранд (яъне, аз он рӯйгардон гузаранд)
73. ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд, балки итоаткунон саҷда кунанд
74. ва онон, ки (дуо карда) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\99
75. Ин гӯруҳи сифаткардашудаи дар боло, ки зикр шуданд барояшон мукофот дода мешавад мақоми баландеро дар ҷаннат ба ивази он, ки сабру қаноат карданд ва мешунаванд дар ҷаннат аз ҷониби фариштагон дъои хайру саломро.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\587
76. Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест!
77. Бигӯ: «Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигори ман эътиное бар шумо надорад. Аммо шумо (куффор) рисолати осмониро дурӯғ шуморидед. Пас, оқибати он мулозими шумо хоҳад шуд, сазои куфр ва исёни худро хоҳед дид».
السورة التالية
Icon