0:00
0:00

Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед [битарсед], [ҳамон зоте] ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро [низ] аз ӯ офарид ва аз [насли] он ду мардону занони бисёре пароканд. Ва аз Парвардигоре, ки ба [номи] Ӯ аз якдигар дархост мекунед, парво [тақво] намоед ва аз [гусастани] пайванди хешовандӣ бипарҳезед. Бе гумон, Аллоҳ таоло ҳамвора муроқиб [-у нигаҳбони] шумост
Ва [эй сарпарастон] амволи ятимонро [пас аз булуғу рушд] ба эшон бозгардонед ва [моли камарзишу] номарғуб [-и худ]-ро бо [моли арзишманду] марғуб [-и онон] иваз накунед ва амволи эшонро ҳамроҳи амволи худ нахӯред. Ба ростӣ, ки ин [кор] гуноҳи бузурге аст
Ва агар тарсидед, ки [ба хотири костан аз маҳрия ё бадрафторӣ] натавонед адолатро дар ҳаққи духтарони ятим риоя намоед, [аз издивоҷ бо онон сарфи назар кунед ва] аз занон [-и дигар]-е, ки мавриди писанди шумост, [як ё] ду ва [ё] се ва [ё] чаҳор танро ба ҳамсарӣ дароваред. Пас, агар бим доред, ки натавонед адолат кунед, ба як [зан] ё ба он чи [аз канизон], ки молики онҳоед [иктифо намоед]. Ин [кор] наздиктар аст ба ин, ки ситам накунед
Ва маҳрияи занонро ба унвони ҳадя [ва фаризаи илоҳӣ] бо хушдилӣ ба онон бидиҳед. Пас, агар онон чизе аз онро бо ризоияти хотир ба шумо бахшиданд, онро хушу гуворо бихӯред
Ва ба камхирадоне, ки Аллоҳ таоло шуморо ба сарпарастии онон гумоштааст, амволашонро надиҳед ва аз [даромади] он ба эшон хӯроку пӯшок диҳед ва бо онон ба шоистагӣ сухан бигӯед
Ва ятимонро [аз лиҳози тавоноӣ бар муроқибат аз амволашон] биёзмоед то вақте ба [синни] издивоҷ бирасанд, пас, агар дар эшон рушд [-и фикрии кофӣ] ёфтед, амволашонро ба онон бидиҳед ва онро [аз бими он ки мабодо] бузург шаванд [ва аз шумо пас бигиранд], ба исрофу шитоб махӯред. Ва ҳар ки бениёз аст, бояд [аз гирифтани уҷрату музди сарпарастӣ] худдорӣ кунад ва ҳар ки ниёзманд аст, бояд ба тарзи шоиста [ва мутобиқи урф аз он] бихӯрад. Пас, ҳар гоҳ амволашонро ба онон боз гардондед, бар эшон гувоҳ бигиред ва [бидонед] Аллоҳ таоло барои ҳисобрасӣ кофӣ аст
Мардон аз он чи падару модар ва хешовандон [ба унвони ирс] бар ҷой гузоштаанд, саҳме доранд ва занон [низ] аз он чи падару модар ва хешовандон бар ҷой гузоштаанд, саҳме доранд – хоҳ он [мол] кам бошад ё зиёд. [Чунин] Баҳрае [аз ҷониби Аллоҳ таоло] муайян [ва муқаррар шуда] аст
Ва ҳар гоҳ хешовандон [-и ғайри ворис] ва ятимону тиҳидастон бар тақсими [мерос] ҳозир шаванд, [пеш аз тақсим чизе] аз он [амволро аз боби истиҳбоб] ба онон бидиҳед ва ба шоистагӣ бо эшон сухан бигӯед
Ва касоне, ки агар фарзандони нотавоне аз худ бар ҷой бигзоранд, бар [ояндаи] онон бим доранд, бояд [аз ситам дар бораи ятимони мардум низ] битарсанд. Пас, бояд аз Аллоҳ таоло парво кунанд [битарсанд] ва сухани [санҷида ва] дуруст бигӯянд
Дар ҳақиқат, касоне, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки оташ дар шиками хеш фурӯ мебаранд ва ба зудӣ ба оташе барафрӯхта дармеоянд
Аллоҳ таоло дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад: Саҳми писар монанди саҳми ду духтар аст. Ва агар [ворисон ду духтар ё] бештар аз ду духтар бошад, саҳми онон ду савуми тарака аст. Ва агар фақат як духтар бошад, саҳми ӯ нисфи тарака аст. Агар [майит] фарзанд дошта бошад, барои ҳар як аз падару модараш, як шашуми тарака аст ва агар фарзанд надошта бошад ва [танҳо] падару модараш аз ӯ ирс бибаранд, дар ин сурат, барои модараш як савум [сеяк] аст [ва барои падар ду савум] ва агар ӯ [майит] бародароне дошта бошад, саҳми модараш як шашум [шашяк] аст. [Ин тақсими мерос] Пас аз амал ба васиятест, ки карда ва ё [пардохти] воме [ки дорад анҷом мегирад]. Шумо намедонед, ки падаронатон ва [ё] фарзандонатон, кадом як бароятон судмандтар аст. [Ин аҳком] Фариза [-и муайян ва муқаррар] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Ва [эй шавҳарон] агар ҳамсаронатон фарзанде надошта бошанд, ниме аз тарака барои шумост ва агар фарзанде дошта бошанд, як чаҳоруми [чаҳоряк] тарака аз они шумост. [Албатта] Пас аз [амал ба] васияте, ки кардаанд ё [пардохти] воме, ки доранд. Ва агар шумо фарзанде надошта бошед, як чаҳоруми таракаи шумо барои занонатон аст ва агар фарзанде дошта бошед, як ҳаштуми таракаи шумо аз они эшон аст. [Албатта] Пас аз амал ба васияте, ки кардаед ва [пардохти] воме [ки доред]. Ва агар мард ё зане, ки аз ӯ ирс мебаранд, падар ё фарзанд надошта бошад [калола бошад] ва бародар ё хоҳар дошта бошад, пас, барои ҳар як аз онон як шашуми [тарака] аст. Ва агар [хешовандони чунин шахсе] беш аз ин [ду нафар] бошанд, дар ин сурат, дар як савум [аз тарака] шариканд. [Албатта] Пас аз анҷоми васияте, ки бад-он супориш шуда ё воме, ки [бояд пардохт гардад, ба шарти он ки аз ин тариқ], зиёне [ба ворисон] нарасонад. [Ин ҳукм] Супориши Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло донои бурдбор аст
Инҳо ҳудуди илоҳӣ аст ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, вайро ба боғҳое дармеоварад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, дар он ҷовидонаанд ва ин ҳамон комёбии бузург аст
Ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш нофармонӣ намояд ва аз ҳудуди Ӯ таҷовуз кунад, вайро дар оташе ворид мекунад, ки ҷовидона дар он хоҳад монд ва барояш азоби хоркунанда [дар пеш] аст
Ва касоне аз занони шумо, ки муртакиби зино мешаванд, чаҳор нафар [марди одил] аз худатонро бар онон гувоҳ гиред. Пас, агар гувоҳе доданд, он занонро дар хонаҳо нигаҳ доред, то маргашон фаро расад ё Аллоҳ таоло роҳе барояшон қарор диҳад
Аз миёни шумо он марду зане, ки муртакиби он [амали зишт] мешаванд, [бо танбеҳу тавбих] озорашон диҳед. Пас, агар тавба карданд ва дурусткор шуданд, аз эшон сарфи назар кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло тавбапазири меҳрубон аст
Ҷуз ин нест, ки [пазириши] тавба аз сӯйи Аллоҳ таоло барои касонест, ки аз рӯйи нодонӣ кори ношоистае анҷом медиҳанд, он гоҳ ба зудӣ [ва пеш аз фаро расидани марг] тавба мекунанд. Инонанд, ки Аллоҳ таоло тавбаашонро мепазирад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Ва барои касоне, ки [то поёни умр ҳамвора] муртакиби корҳои ношоиста мешаванд ва ҳангоме ки марги яке аз онон фаро мерасад мегӯяд: "Акнун тавба кардам" [ҳеҷ] тавба [ва бахшише дар кор] нест ва на барои касоне, ки дар ҳоли куфр мемиранд. Инон ҳастанд, ки барояшон азоби дардноке муҳайё сохтаем
Эй касоне, ки имон овардаед, барои шумо ҳалол нест, ки занон [-и падаронатон]-ро бар хилофи майлашон ба ирс баред [ё маҷбур ба издивоҷ бо дигарон кунед] ва [дар мавриди ҳамсарони худатон низ ҳукм ин аст, ки] ононро зери фишор қарор надиҳед, то бархе аз он чиро, ки [ба унвони маҳрия] ба эшон додаед, пас бигиред, магар ин ки муртакиби амали ношоистаи ошкоре [монанди зино] шаванд. [Аммо дар мавриди занони покдомани худ накугуфтор бошед] Ва бо онҳо ба таври шоиста рафтор кунед ва агар аз онон [хушатон наёмад ва] кароҳат доштед, пас, [шикебоӣ кунед]. Чи басо чизеро хуш намедоред ва Аллоҳ таоло хайри бисёре дар он қарор медиҳад
Агар хостед ҳамсар [-и дигаре] ба ҷойи ҳамсар [-и пешини худ] баргузинед ва ба яке аз онон моли фаровоне [ба унвони маҳрия] пардохтаед, чизе аз онро пас нагиред. Оё мехоҳед он [мол]-ро ба буҳтон ва гуноҳи ошкор бозпас бигиред?
Ва чи гуна он [маҳрия]-ро бозпас мегиред, дар ҳоле ки аз якдигар баҳраманд шудаед [ва аз асрори якдигар огоҳед] ва онон [ҳангоми ақди издивоҷ] аз шумо паймони маҳкаму устувор гирифтаанд
Ва бо заноне, ки падаронатон [бо онҳо] издивоҷ кардаанд, [пас аз марги падар] издивоҷ накунед, магар он чи [аз ин навъ издивоҷ, ки дар замони ҷоҳилият рух дода ва] бахшида шудааст, [чаро ки] бе тардид, ин кор амали зишту танаффурангез ва роҳи нодуруст аст
[Издивоҷ бо ин афрод] Бар шумо ҳаром шудааст: модару духтар ва хоҳару амма ва холаву духтари бародару духтари хоҳар, модаре, ки ба шумо шир додааст ва хоҳари разоӣ ва модари зану духтари ҳамсаре, ки [он духтар] дар хонаи шумо парвариш ёфтааст ва бо он ҳамсар ҳамбистар шудаед – вале агар бо он зан омезиш накардаед, гуноҳе нест [ки бо духтараш издивоҷ кунед] – ҳамчунин, ҳамсари писаратон, ки аз пушти худатон аст ва издивоҷ бо ду хоҳар [низ бар шумо ҳаром аст], магар он чи [аз ин навъ издивоҷ, ки дар замони ҷоҳилият рух дода ва] бахшида шудааст, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Занони шавҳардор [бар шумо ҳароманд], магар заноне, ки [канизатон ҳастанд ва шумо] молики онҳо шудаед. [Ин] Фаризаи илоҳист, ки бар шумо муқаррар доштааст ва ғайр аз инҳо [ки гуфта шуд], бароятон ҳалол аст, дар ҳоле ки покдоманӣ меварзед ва зинокор нестед, бо амволи худ [занони дигарро] талаб кунед. Пас, он заноне, ки [ба издивоҷ даровардед ва] аз онон ком гирифтед, бояд маҳрияашонро ба унвони фаризае ба онон бидиҳед ва дар мавриди он чи баъд аз таъйини маҳрия [дар мавриди бешу ками он] бо якдигар тавофуқ мекунед, гуноҳе бар шумо нест. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Ва ҳар як аз шумо аз лиҳози молӣ тавоноии издивоҷ бо занони озодаи муъминро надорад, пас, бо канизакони боимоне, ки дар ихтиёри шумо [ё дигар мусулмонон] ҳастанд [издивоҷ кунад]. Ва Аллоҳ таоло ба имонатон донотар аст. [Шумо ва онон] Ҳамагӣ аз ҷинси якдигаред [ва бо якдигар баробаред], пас, бо иҷозати сарпарасташон бо онон издивоҷ кунед ва маҳрияҳояшонро ба таври писандида ба эшон бидиҳед, [ба шарти он ки] покдоман бошанд на зинокор ва на [дар зумраи] касоне, ки пинҳонӣ [барои худ] дӯст мегиранд. Он гоҳ чун издивоҷ карданд, агар муртакиби зино шуданд, пас, муҷозоташон [панҷоҳ тозиёна, яъне] нисфи муҷозоти занони озод аст. Ин [иҷозати издивоҷ бо канизон] барои касе аз шумост, ки аз олоиш ба гуноҳ битарсад, ва [-ле дар мавриди издивоҷ бо канизон] агар шикебоӣ [ва покдоманӣ] пеша кунед, бароятон беҳтар аст ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Аллоҳ таоло мехоҳад, ки [аҳкоми хешро] бароятон равшан созад ва шуморо ба роҳу равиши касоне, ки пеш аз шумо буданд, роҳнамоӣ кунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Ва Аллоҳ таоло мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад [ва аз олудагии гуноҳ покатон намояд], ва [-ле] касоне, ки пайрави шаҳавот ҳастанд, мехоҳанд, ки шумо дастхуши инҳирофи бузурге шавед
Аллоҳ таоло [бо ташреъи ин аҳком] мехоҳад бар шумо осон гирад. Ва инсон нотавон офарида шудааст
Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ботил [ва аз роҳҳои номашруъе ҳамчун ғасбу дуздӣ ва ришва] нахӯред, магар ин ки тиҷорате бо ризоияти шумо [анҷом гирифта] бошад; ва [ҳамчунин] якдигарро накушед ва худкушӣ накунед; ҳамоно Аллоҳ таоло [нисбат] ба шумо меҳрубон аст [ва шуморо аз ин корҳо боз медорад]
Ва ҳар ки [огоҳона ва] аз рӯйи таҷовуз ва ситам чунин кунад, пас, ба зудӣ ӯро дар оташ [-и сӯзон] дармеоварем ва ин [кор] барои Аллоҳ таоло осон аст
[Эй муъминон] Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он наҳй шудаед, дурӣ кунед, гуноҳон [-и сағиратон]-ро аз шумо мезудоем ва шуморо дар ҷойгоҳи шоистаи [биҳишт] ворид мекунем
[Эй муъминон] Он чиро, ки Аллоҳ таоло ба василаи он бархе аз шуморо бар бархе дигар бартарӣ додааст, орзу макунед [то дучори ҳасад нашавед]. Мардон аз он чи ба даст овардаанд, [подошу] баҳрае доранд ва занон [низ] аз он чи ба даст овардаанд, [аҷру] баҳрае доранд ва аз бахшиши Аллоҳ таоло [чизе] бихоҳед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
Мо барои ҳар кас ворисоне қарор додаем, ки аз он чи падару модар ва хешовандон бар ҷой гузоштаанд, ирс бибаранд ва [низ] ба касоне, ки [бо онон] паймони [бародарӣ ва ёрӣ] бастаед, саҳмашонро [аз ирс] бидиҳед. Бе гумон, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе гувоҳ аст
Мардон бар занон сарпарасту нигаҳбонанд, ба хотири он ки Аллоҳ таоло бархе аз эшонро бар бархе бартарӣ додааст ва [низ] ба хотири он ки аз амволи хеш [барои занон] харҷ мекунанд. Пас, занони солеҳ, [ононад, ки ҳам аз Аллоҳ таоло ва ҳам аз шавҳаронашон] фармонбардоранд [ва] ба поси он чи Аллоҳ таоло [барояшон] ҳифз кардааст [асрору ҳуқуқи шавҳарони худро] дар ғайби [онон] ҳифз мекунанд. Ва [эй шавҳарон] ба заноне, ки аз нофармониашон бим доред, панду андарз диҳед, [агар фармонбардор нашуданд] дар бистар аз эшон дурӣ кунед [ва агар таъсир накард], ононро [тавре, ки озор набинанд] бизанед. Пас, агар аз шумо итоат карданд, ҳеҷ роҳе [барои баҳонаҷӯӣ ва сарзаниш] бар онҳо маҷӯед [ва бидонед, ки] ба ростӣ, Аллоҳ таоло баландмартабаи бузург аст
Ва [шумо, эй сарпарастони зану мард] агар аз ихтилофу ҷудоӣ миёни он ду [зану шавҳар] бим доштед, пас, як довар аз хонаводаи шавҳар ва як довар аз хонаводаи зан [таъйин кунед ва барои тасмимгирӣ] бифиристед. Агар ин ду [довар] қасди ислоҳ [ва оштӣ байни завҷайн] дошта бошанд, Аллоҳ таоло миёни он ду [зану шавҳар] созгорӣ хоҳад дод. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои огоҳ аст
Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед ва ба падару модар некӣ кунед ва [низ] ба хешовандону ятимон ва тиҳидастону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи ғайри хешованд ва ҳамнишину [мусофири] дар роҳмонда ва [канизону] бардагоне, ки молики онҳо ҳастед [некӣ кунед ва бидонед, ки] яқинан, Аллоҳ таоло касеро, ки мутакаббир ва фахрфурӯш бошад, дӯст намедорад
[Ҳамон] Касоне, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва он чи [аз сарвату дониш]-ро, ки Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон бахшидааст, пинҳон мекунанд. Ва мо барои кофирон [ва носипосон] азоби хоркунанда муҳайё кардаем
Ва [низ барои] касоне, ки амволашонро барои [худнамоӣ ва] нишон додан ба мардум инфоқ мекунанд ва ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон надоранд [чунин шахсе ёри шайтон аст] ва касе,ки шайтон ҳамдамаш бошад, чи бад ҳамдаме дорад!
Ва барои онон чи зиёне дошт, агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон меоварданд ва аз он чи Аллоҳ таоло ба онон рӯзӣ додааст, инфоқ мекарданд? Ва Аллоҳ таоло ба [ҳолу аъмоли] эшон доност
Бе гумон, Аллоҳ таоло ба андозаи заррае [ба бандагонаш] ситам намекунад ва агар кори неке бошад, онро дучандон мекунад ва аз пешгоҳи худ [ба онон] подоши бузурге ато мекунад
Ва ҳол [-у рӯзи нобоварон] чи гуна бошад, он гоҳ, ки аз ҳар уммате шоҳидеро [ки паёмбари ҳамон уммат бошад] ба миён меоварем ва туро [низ эй паёмбар, дар бораи иблоғи паёми илоҳӣ] бар инон гувоҳ меоварем
Он рӯз касоне, ки кофир шуданд ва аз паёмбар нофармонӣ карданд, орзу мекунанд, ки эй кош, бо хок яксон мешуданд ва ҳеҷ суханеро наметавонанд аз Аллоҳ таоло пинҳон кунанд
Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли мастӣ ба намоз наистед, то замоне, ки бидонед чи мегӯед ва [ҳамчунин] ҳангоме ки ҷунуб ҳастед, то ғусл накардаед, ба намоз [ва масҷид] наздик нашавед, магар он ки раҳгузар бошед. Ва агар бемор ё мусофир будед, ё яке аз шумо аз макони қазои ҳоҷат омад ё бо занон омезиш кардед ва [барои вузу ё ғусл] об наёфтаед, пас, [бояд] бо хоки пок таяммум кунед, [ба ин равиш, ки] чеҳра ва дастҳоятонро [бо он] маҳс намоед. Бе гумон, Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст
[Эй паёмбар] Оё касоне [аз яҳудиён]-ро, ки баҳрае аз китоб ба онҳо дода шудааст, надидаӣ [ки чи гуна] гумроҳиро мехаранд ва мехоҳанд шумо [муъминон низ монанди эшон] гумроҳ шавед
Ва [эй муъминон] Аллоҳ таоло ба душманони шумо донотар аст ва кофӣ аст, ки Аллоҳ таоло ёр [-у корсозатон] бошад ва кофист, ки Аллоҳ таоло ёвар [-у мададгоратон] бошад
Бархе аз яҳудиён, калимоти [Аллоҳ таоло]-ро аз ҷойи худ таҳриф мекунанд ва бо печондани забони худ ва ба қасди таъна задан дар дин [бо даромехтани забони ибрӣ бо арабӣ ба паёмбар] мегӯянд: "Шунидем ва нофармонӣ кардем" ва "Бишнав, ки [кош] ношунаво гардӣ"! Ва [низ ба тамасхур мегӯянд]: "Роъино" [ки дар ибрӣ мафҳуми тавҳиномезе дорад]. Вале агар онон мегуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем" ва "[суханони моро] бишнав ва ба мо муҳлат бидеҳ", ҳатман, барояшон беҳтар ва дурусттар буд. Вале Аллоҳ таоло ононро ба хотири куфрашон лаънат кардааст. Пас, ҷуз [гурӯҳи] андак имон намеоваранд
Эй аҳли китоб, ба он чи ки [бар Муҳаммад] нозил кардем ва китоби осмонӣ шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред, пеш аз он ки чеҳраҳоро маҳв кунем ва онҳоро [ҳамчун] пушти сарашон [софу зишт] бигардонем, ё эшонро ҳамчун асҳоби сабт [яҳудиёни нофармоне, ки рӯзи шанбе моҳӣ гирифтанд] лаънат кунем [ва ба шакли маймун дароварем] ва [бидонед, ки] фармони Аллоҳ таоло, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад
Бе гумон, Аллоҳ таоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро – барои ҳар ки бихоҳад – мебахшад; ва ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк варзад, яқинан, гуноҳи бузург ба гардан гирифтааст
[Эй паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки хештанро пок мешуморанд [ва худситоӣ мекунанд? Чунин нест], балки Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад пок мегардонад ва ба эшон ба андозаи зарраи ночиз [ҳатто ба андозаи нахи рӯйи ҳастаи хурмо] ситам намешавад
[Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд! Ва ҳамин [амал ба унвони] гуноҳи ошкор кофӣ аст
Оё афроде [аз қавми яҳуд]-ро, ки баҳрае аз китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, надидаӣ [ки чи гуна] ба бутҳо ва маъбудони ботил имон меоваранд? [Ин афрод аз рӯйи дӯстӣ ва мадоро] Дар бораи касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: "Инон аз касоне, ки имон овардаанд, ҳидоятёфтатаранд"
Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло лаънаташон кардааст ва ҳар киро Аллоҳ таоло лаънат кунад, ҳаргиз барояш ёваре нахоҳӣ ёфт
Оё онон баҳрае аз ҳукумат доранд? [Агар ҳам доштанд] Камтарин чизе ба мардум намедоданд
Оё ба мардум [Муҳаммад ва ёронаш] ба хотири он чи Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон бахшида кардааст, ҳасад меварзанд? Дар ҳақиқат, Мо [пештар низ] ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва ба онон фармонравоии бузурге бахшидем
Пас, бархе аз онон ба вай имон оварданд ва бархе аз онон аз ӯ рӯй гардонданд [пас, нисбат ба даъвати Муҳаммад низ чунин карданд] ва [барои ин кофирон] оташи афрӯхтаи дузах кофист
Бе гумон, касонеро, ки ба оёти мо куфр варзиданд, дар оташ [-и сӯзон] ворид хоҳем кард, ки ҳар чи пӯсташон бирён гардад, пӯстҳои дигаре ба ҷояш қарор медиҳем, то [таъми] азобро бичашанд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба боғҳое [аз биҳишт] ворид хоҳем намуд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҳамвора дар он хоҳанд монд ва дар он ҷо ҳамсарони покиза доранд ва ононро зери сояҳои густурда [ва анбӯҳ] ҷой медиҳем
Аллоҳ таоло ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро [ба таври комил] ба соҳибонашон бозгардонед ва ҳангоме ки миёни мардум доварӣ мекунед, ба адолат доварӣ кунед. Аллоҳ таоло ба амри нек пандатон медиҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавои биност
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло ва паёмбар ва коргузорон [-у фармондеҳони мусулмони худ] итоат кунед ва агар дар чизе ихтилоф кардед, онро ба [Китоби] Аллоҳ таоло ва [Суннати] паёмбар бозгардонед. Агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доред, [яқин дошта бошед, ки] ин [бозгашт ва Қуръону Суннат бароятон] беҳтар ва хушфарҷомтар аст
[Эй паёмбар] Оё афроде [аз яҳудиён]-ро надидаӣ, ки гумон мекунанд, ба он чи бар ту нозил шуда ва он чи пеш аз ту нозил шуда имон овардаанд, ва [-ле] мехоҳанд барои доварӣ назди Тоғут [ва ҳокимони худкома] раванд? Бо он ки ба эшон дастур дода шудааст, ки ба ӯ куфр варзанд, ва [-ле] шайтон мехоҳад ононро дар гумроҳии дуру дарозе қарор диҳад
Ва чун ба онон гуфта шавад: "Ба сӯйи он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст [Қуръон] ва ба сӯйи паёмбари [Ӯ] биёед", мунофиқонро мебинӣ, ки аз ту сахт рӯй мегардонанд
Пас, чи гуна аст, ки вақте ба [сазои] корҳои бадашон мусибате ба онон мерасад, назди ту меоянд ва ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки: "Манзури мо [аз додхоҳӣ назди дигарон чизе] ҷуз некӣ ва тавофуқ [миёни тарафайн] набудааст"?
Инон ҳамон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло медонад, ки чи дар дил доранд. Пас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон ва андарзашон бидеҳ ва бо баёни расо [натоиҷи] кирдорашонро ба эшон гӯшзад кун
Ва ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар барои ин ки ба фармони Аллоҳ таоло [мардум аз вай] итоат кунанд ва агар ҳангоме ки онон [бо гуноҳу нофармонӣ] бар хештан ситам мекарданд, [то зинда ҳастӣ] наздат меомаданд ва аз Аллоҳ таоло омурзиш мехостанд, бе тардид Аллоҳро тавбапазири меҳрубон меёфтанд
На! Савганд ба Парвардигорат, [эй Муҳаммад] ки онон имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофоташон туро довар қарор диҳанд ва аз доварии ту дар дили хеш эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд
Ва агар [монанди Бани Исроил] бар онон муқаррар мекардем, ки "[нофармонони] худро бикушед ё аз хонаву шаҳратон берун биравед", ҷуз андаке аз эшон [ба он дастурҳо] амал намекарданд. Ва агар ба он чи андарз дода шуданд, амал мекарданд, бе тардид барояшон беҳтар ва дар пойдоришон [бар дин] муассиртар буд
Ва дар ин сурат, аз пешгоҳи худ подоши бузурге ба онон медодем
Ва ба роҳи рост ҳидояташон мекардем
Ва касе, ки Аллоҳ таоло ва паёмбарро итоат кунад, [рӯзи қиёмат] ҳамнишини касоне хоҳад буд, ки Аллоҳ таоло эшонро гиромӣ доштааст, [яъне] бо паёмбарону сиддиқон [тасдиқкунандагони паёмбар] ва шаҳидону солеҳон. Ва инон чи наку рафиқоне ҳастанд!
Ин фазлу бахшиш аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [ба аҳволи бандагон] доност
Эй касоне, ки имон овардаед, силоҳи худро баргиред, сипас гурӯҳ-гурӯҳ ё як порча [барои ҷиҳод бо душман] раҳсипор гардед
Ва [эй мусулмонон] бе тардид, аз [миёни] шумо касе ҳаст, ки [ба хотири тарс аз ширкат дар майдони ҷиҳод] сустӣ меварзад ва агар мусибате ба шумо бирасад, мегӯяд: "Аллоҳ таоло ба ман лутф кард, ки ҳамроҳи онон [дар ҷанг] ҳозир набудам"
Ва [-ле] агар бахшишу ғанимате аз ҷониби Аллоҳ таоло ба шумо расад, чунонки гӯё ҳаргиз миёни шумо ва ӯ [робитаи] дӯстӣ набудааст, [бо ҳасрат] мегӯяд: "Эй кош, ман низ ҳамроҳи онон будам ва ба комёбии бузурге мерасидам"
Пас, касоне, ки зиндагии дунёро ба охират фурӯхтаанд,бояд дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор кунанд ва ба ҳар касе, ки дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор кунад, хоҳ кушта шавад ё пирӯз гардад, ба зудӣ подоши бузурге хоҳем дод
Ва [эй муъминон] шуморо чи шудааст, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ва [барои ёрии] мардону занон ва кӯдакони ситамдида пайкор намекунед? Ҳамон касоне, ки мегӯянд: "Парвардигоро, моро аз ин шаҳр [-и Макка], ки аҳлаш ситамгоранд, берун бибар ва аз сӯйи хеш барои мо ёру корсозе қарор бидеҳ ва аз ҷониби худ ёвару мададгоре бароямон бигумор"
Онон, ки имон овардаанд, дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор мекунанд ва онон, ки кофиранд, дар роҳи Тоғут [ва ҳокимони худкома] меҷанганд. Пас, бо ёрони шайтон биҷангед, ки ҳатман, найранг [ва нақшаи] шайтон заиф аст
[Эй паёмбар] Оё касонеро надидӣ, ки [дар Макка] ба онҳо гуфта шуд: "[Акнун] Даст аз ҷанг бардоред ва намоз барпо доред ва закот бипардозед", ва [-ле] чун [дар Мадина] ҷиҳод бар онон муқаррар шуд, он гоҳ гурӯҳе аз эшон аз мардум [-и мушрики Макка] тарсиданд, монанди тарс аз Аллоҳ таоло ё [ҳатто] бештар ва гуфтанд: "Парвардигоро, чаро ҷиҳодро бар мо муқаррар намудӣ? Чаро ба мо то муддати кӯтоҳе муҳлат надодӣ [то аз неъматҳои дунявӣ баҳраманд гардем]"? [Ба онон] Бигӯ: "Бархӯрдорӣ [аз лаззатҳои ин] дунё ночиз аст ва барои касе, ки парҳезкор бошад, сарои охират беҳтар аст ва [дар он ҷо] кучактарин ситаме ба шумо нахоҳад шуд
Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дармеёбад, ҳарчанд дар бурҷҳои устувор бошед. Ва агар ба онон [мунофиқон] хайре [ҳамчун фарзанд ва моли фаровон] бирасад, мегӯянд: "Ин аз ҷониби Аллоҳ таоло аст" ва агар шарре [ҳамчун маргу зиёни молӣ] ба эшон бирасад, [расули Аллоҳро бадном медонанд ва ба ӯ] мегӯянд: "Ин аз ҷониби туст". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳама [чиз] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст". Чаро ин қавм ҳозир нестанд, ки суханеро дарк кунанд
[Эй инсон] Он чи аз некиҳо ба ту мерасад, аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва он чи аз бадиҳо ба ту мерасад, аз ҷониби худи туст. Ва [эй паёмбар] Мо туро барои [ҳидояти] мардум фиристодем ва гувоҳии Аллоҳ таоло [дар ин бора] кофӣ аст
Ҳар ки аз паёмбар итоат кунад, дар хақиқат, аз Аллоҳ таоло итоат кардааст ва ҳар ки рӯйгардон шавад, [аз ӯ андуҳгин мабош, эй паёмбар, зеро Мо ҳаргиз] туро бар онон нигаҳбон [-у муроқиб] нафиристодаем
Онон [назди ту] мегӯянд: "Фармонбардорем", вале чун аз ҳузурат берун мераванд, гурӯҳе аз онон шабона чизе ҷуз он чи ту гуфтаӣ, тадбир мекунанд ва Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки шабона дар сар мепарваранд, сабт мекунад. Пас, аз онон рӯй бигардон ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузор [-и ту] бошад
Оё дар Қуръон намеандешанд, ки агар аз сӯйи [касе] ғайр аз Аллоҳ таоло буд, ҳатман, ихтилоф [ва таноқузи] бисёре дар он меёфтанд?
Ҳангоме ки хабаре аз эминӣ [ва пирӯзӣ] ё тарс [ва шикаст] ба онон мерасад, [бидуни ҳеҷ таҳқиқе] онро фош месозанд, ва [-ле] агар онро ба паёмбар ва фармондеҳонашон бозгардонанд, афроде аз онон, ки аҳли [фаҳму] истинбот ҳастанд, ҳатман, [маслиҳати эълом ё китмони ахборро беҳтар] медонанд. Ва [эй муъминон] агар фазлу раҳмати Аллоҳ таоло бар шумо набуд, ҷуз андаке [ҳамагӣ] аз шайтон пайравӣ мекардед
Пас, [эй паёмбар] дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор кун. Ту уҳдадори касе ҷуз худ нестӣ, ва [-ле] муъминонро [низ ба ҷиҳод] ташвиқ кун. Умед аст, ки Аллоҳ таоло осеби кофиронро аз шумо боздорад ва Аллоҳ таоло қудраташ бештар ва кайфараш сахттар аст
Касе, ки шафоати писандидае кунад, аз [хайри] он насибе хоҳад дошт ва касе, ки шафоати нописанде кунад, аз [шарри] он насибе хоҳад дошт. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе муроқиб аст
[Эй муъминон] Ҳар гоҳ бо дуруди самимона ба шумо салом гӯянд, шумо посухи беҳтар ва ё ҳамонанди он бигӯед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе ҳисобгар аст
Аллоҳ таоло [ки маъбуди ростин аст ва] ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, яқинан, ҳамагӣ шуморо рӯзи қиёмат, ки тардиде дар [вуқуи] он нест, ҷамъ мекунад. Ва кист, ки аз Аллоҳ таоло ростгӯйтар бошад?
[Эй муъминон] Шуморо чи пеш омадааст, ки дар мавриди [тарзи рафтор бо] мунофиқон ду гурӯҳ шудаед, ҳол он ки Аллоҳ таоло ононро ба хотири он чи анҷом додаанд, сарнагун сохта [ва ба куфру гумроҳӣ бозгардонда] аст? Оё мехоҳед, касеро, ки Аллоҳ таоло гумроҳ кардааст, ҳидоят кунед? Ва [-ле] ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, роҳе [ба сӯйи ҳидоят] барояш нахоҳӣ ёфт
Онон [мунофиқон] орзу мекунанд, ки шумо низ ҳамчун эшон куфр биварзед, то бо ҳам баробар шавед. Пас, ҳеҷ як аз ононро ба дӯстӣ нагиред, магар он ки [мусулмон шаванд ва] дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат кунанд. Пас, агар аз [ислом ва ҳиҷрат] рӯй бартофтанд [ва рафторашонро идома доданд], ҳар ҷо ки онҳоро ёфтед, дастгирашон кунед ва бикушедашон ва аз онон дӯсту ёваре ихтиёр накунед
Магар онҳое, ки бо ҳампаймонони шумо паймон бастаанд ё онҳое, ки наздатон меоянд ва аз ҷанг бо шумо ё қавми худ ба танг омадаанд. Ва агар Аллоҳ таоло мехост, ононро бар шумо мусаллат мекард, ки бо шумо биҷанганд, пас, агар аз шумо канорагирӣ карданд ва бо шумо наҷангиданд ва таслим [-у фармонбардор]-и шумо шуданд, [бидонед, ки дигар] Аллоҳ таоло барои шумо роҳе [барои таҷовуз] бар онон қарор надодааст
[Эй муъминон] Ба зудӣ [гурӯҳи] дигаре [аз мунофиқон]-ро хоҳед ёфт, ки [зоҳиран] мехоҳанд аз шумо ва қавми худ дар амон бошанд, ва [-ле] ҳар гоҳ ба фитнаи [ширк] бозгардонда шаванд, дар он фурӯ мераванд. Пас, агар аз шумо канора нагирифтанд ва аз дари сулҳу оштӣ ворид нашуданд ва даст аз [ҷанг бо] шумо барнадоштанд, он гоҳ ононро ҳар куҷо ёфтед, дастгирашон кунед ва бикушедашон. Онон ҳастанд, ки мо барои шумо алайҳи эшон далели ошкор [барои дастгирӣ ва қатлашон] қарор додаем
Ҳеҷ муъмине муҷоз нест [иҷозат надорад], ки муъминеро бикушад, магар ба иштибоҳ [ва беқасд]. Ва касе, ки муъминеро ба иштибоҳ бикушад, бояд як бардаи муъмин озод кунад ва хунбаҳое ба хонаводаи ӯ [ба ворисони мақтул] бипардозад, магар ин ки онҳо гузашт кунанд. Ва агар [мақтул] аз қавме бошад, ки душманони шумо ҳастанд ва [худи] ӯ муъмин аст, озод кардани як бардаи муъмин [ба унвони каффора кофӣ аст, зеро кофир аз муъмин ирс намебарад] ва агар [мақтул муъмин набошад, вале] аз қавме бошад, ки миёни шумо ва эшон паймоне барқарор аст, бояд хунбаҳое ба хонаводаи ӯ бипардозад ва як бардаи муъминро [низ] озод кунад. Ва ҳар ки [тавони молӣ надошт ё бардае барои озод кардан] наёфт, пас, [бояд] ба унвони тавбае ба даргоҳи Аллоҳ таоло ду моҳ паёпай рӯза бигирад. Ва ҳамвора Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
Ва ҳар кас муъминеро амдан ба қатл бирасонад, кайфараш дузах аст, [ки] дар он ҷовидона мемонад ва Аллоҳ таоло бар вай ғазаб мекунад ва ӯро аз раҳмати хеш дур месозад ва азоби бузурге барояш омода сохтааст
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло [барои ҷиҳод] раҳсипор шудед, [паҳлуҳои корро хуб] баррасӣ кунед ва ба касе, ки изҳори сулҳу ислом намуд, нагӯед: "Ту муъмин нестӣ", то [битавонед ӯро бикушед ва ғаноиму] сармояи нопойдори дунёро ба даст оваред, зеро ғаниматҳои бисёре [барои шумо] назди Аллоҳ таоло аст. Шумо низ қаблан ин чунин будед [ва имонатонро пинҳон мекардед], сипас Аллоҳ таоло бар шумо миннат ниҳод [ва ҳидоят шудед]. Бинобар ин, ба дурустӣ баррасӣ кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
Он муъминон [-и хонанишин]-е, ки бидуни ҳеҷ беморӣ ва ранҷе аз ҷиҳод бознишастанд, бо муҷоҳидоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло бо молу ҷони худ ҷиҳод карданд, [ҳаргиз] яксон нестанд. Аллоҳ таоло касонеро, ки бо молу ҷонашон ҷиҳод карданд, бар хонанишинон ба мартабаи [бузург] бартарӣ бахшидааст ва Аллоҳ таоло бар ҳар як [аз муҷоҳидон ё хонанишинони маъзур] ваъдаи наку додааст, ва [-ле] Аллоҳ таоло муҷоҳидонро бар хонанишинон бо подоши бузург бартарӣ додааст
[Подоше, ки] Ба унвони дараҷоту омурзиш ва раҳмате аз [пешгоҳи] Ӯ [насибашон мегардад] ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Касоне, ки [бо мондан дар сарзамини куфр] нисбат ба хеш ситамгор буданд, [вақте] фариштагон ҷонашонро мегиранд, [ба онон] мегӯянд: "Дар чи [ҳол] будед"? Посух медиҳанд: "Мо дар замин аз ситамдидагон будем". [Фариштагон] Мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ таоло густурда набуд, то дар он муҳоҷират кунед [ва имонатонро ҳифз намоед]"? Пас, ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад саранҷомест!
Магар мардону занон ва кӯдакони ситамдидае, ки наметавонанд чорае бияндешанд ва роҳ ба ҷойе намебаранд
Пас, онон [ки узре доранд] умед аст, ки Аллоҳ таоло аз эшон даргузарад ва ҳамвора Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст
Ва ҳар ки дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат кунад, дар замин сарпаноҳи бисёр ва кушоише [дар рӯзӣ ва кор] меёбад ва касе, ки ба қасди ҳиҷрат ба сӯйи Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз хонааш хориҷ шавад ва он гоҳ маргаш фаро расад, ҳатман, подошаш бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ва [эй муъминон] ҳар гоҳ дар замин сафар кунед, агар тарсидед, онон, ки куфр варзиданд, бар шумо зиёне бирасонанд, гуноҳе бар шумо нест, ки аз [ракаоти] намоз бикоҳед [ва онро шикаста бихонед], зеро кофирон ҳамвора бароятон душмани ошкоре ҳастанд
Ва [эй паёмбар] чун [вақти ҷанг] дар миёни онон будӣ ва барояшон намоз барпо доштӣ, пас, бояд гурӯҳе аз онон бо ту [ба намоз] истанд ва [ҳамчунин] бояд ҷангафзорҳояшонро бо худ баргиранд [ва як ракаатро ҳамроҳи ту бихонанд ва намозро ба сурати фуродо (танҳо) идома диҳанд] ва чун саҷда карданд [ва намозашон тамом шуд], бояд пушти саратон қарор гиранд ва бояд он дастае, ки намоз нахондаанд, биёянд ва [як ракъат] бо ту намоз бихонанд [ва пас аз ин ки намозат ба поён расид, идомаи намозашонро комил кунанд] ва [онон низ] бояд эҳтиёт кунанд ва ҷангафзорҳояшонро [дар намоз бо худ] баргиранд, [зеро] кофирон умед доранд, ки шумо аз ҷангафзорҳо ва таҷҳизоти худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва агар аз борон [ё монеаҳои дигар] дар ранҷ будед ва [ё] бемор [ва маҷруҳ] будед, гуноҳе бар шумо нест, ки ҷангафзорҳои худро [бар замин] бигзоред, вале ҷониби эҳтиётро риоя кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло барои кофирон азоби хоркунанда муҳайё кардааст
Пас, чун намозро ба поён расонидед, Аллоҳро [дар ҳама ҳол] истода ва нишаста ва бар паҳлу хуфта [хобида] ёд кунед; ва ҳар гоҳ оромиш ёфтед [ва тарс аз байн рафт], намозро [комил] барпо доред, [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст
Ва [эй муъминон] дар таъқиби он гурӯҳ [душман] сустӣ накунед. Агар шумо [аз хастагӣ ва ҷароҳат] ранҷ мебаред, онон низ чунон ки шумо ранҷ мебаред, ранҷ бурдаанд, вале шумо умеде ба Аллоҳ таоло доред, ки онон надоранд. Ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
[Эй паёмбар] Мо [ин] китобро ба ҳақ бар ту нозил кардаем, то ба [муҷиби] он чи Аллоҳ таоло ба ту омӯхтааст, дар миёни мардум доварӣ кунӣ ва мудофеи хиёнаткорон мабош
Ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳ. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ва аз касоне, ки [бо иртикоби гуноҳ] ба худ хиёнат мекунанд, дифоъ накун, [чаро ки] бе гумон, Аллоҳ таоло ҳар киро хиёнаткор [ва] гунаҳгор бошад, дӯст намедорад
Онҳо [зишткориҳои худро] аз мардум пинҳон медоранд, вале наметавонанд, чизеро аз Аллоҳ таоло пинҳон кунанд ва [ҳол он ки] Ӯ ҳамроҳашон аст, он гоҳ, ки шабона чораандешӣ мекунанд ва [аз сари дурӯғу ифтиро] суханоне мегӯянд, ки Ӯ намеписандад ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чи мекунанд, иҳота дорад
Ҳон! Шумо касоне ҳастед, ки дар зиндагии дунё аз онон дифоъ кардед. Пас, кист, ки рӯзи қиёмат дар баробари Аллоҳ таоло аз онон дифоъ кунад? Ё чи касест, ки [муроқибу] коргузорашон бошад?
Ва ҳар ки амали ношоистае муртакиб шавад ё [бо нофармонӣ аз дастури Аллоҳ таоло ва расулаш] ба худ ситам кунад, [ва] сипас аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳад, Аллоҳро омурзандаи меҳрубон хоҳад ёфт
Ва ҳар ки гуноҳе муртакиб шавад, пас, танҳо ба зиёни хеш [чунин] мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст
Ва ҳар ки хато ё гуноҳе муртакиб шавад, сипас онро бар гардани бегуноҳе бияндозад, ҳатман, [бори] буҳтон ва гуноҳи ошкореро бар дӯш гирифтааст
Ва [эй паёмбар] агар фазли Аллоҳу раҳматаш бар ту набуд, гурӯҳе аз онон қасд доштанд, ки туро гумроҳ кунанд [то ноодилона қазоват кунӣ], ва [-ле] ҷуз худашон [касе]-ро гумроҳ намесозанд ва ҳеҷ зиёне ба ту намерасонанд. Ва Аллоҳ таоло китоб [Қуръон] ва ҳикмат [Суннат]-ро бар ту нозил кард ва он чиро намедонистӣ, ба ту омӯхт ва ҳамвора фазли Аллоҳ таоло бар ту бузург [-у бисёр] будааст
Дар бисёре аз розгӯиҳои онон [мардум] хайре нест, магар [дар гуфтори] касе, ки ба [додани] садақае ё коре писандида ё созише миёни мардум фармон диҳад. Ва ҳар ки барои хушнудии Аллоҳ таоло чунин кунад, ба зудӣ подоши бузурге ба вай хоҳем дод
Ва ҳар кас пас аз он ки [роҳи ҳақ ва] ҳидоят барояш равшан шуд, бо паёмбар мухолифат кунад ва аз роҳе ҷуз роҳи муъминон пайравӣ кунад, ӯро ба он чи [барои худ баргузида ва аз он] пайравӣ кардааст, вомегузорем ва ба дузах мекашонем. Ва [ҳаққо, ки дузах] чи бад ҷойгоҳест!
Аллоҳ таоло [ин] гуноҳро, ки ба ӯ ширк оварда шавад, ҳатман, намеомурзад ва ба ҷуз он [ҳар гуноҳе]-ро барои ҳар ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк оварад, пас, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст
[Мушрикон] Ба ҷойи Аллоҳ таоло бутҳои модинае [ҳамчун Лоту Уззо]-ро мехонанд ва [дар ҳақиқат] ҷуз шайтони саркашро намехонанд
[Ҳамон ки] Аллоҳ таоло ӯро аз раҳмати хеш дур сохт ва ӯ гуфт: "Аз бандагони Ту саҳми муайян бархоҳам гирифт
Ва мусалламан, ононро гумроҳ мекунам ва ба орзуҳои ботил меафканам ва ба эшон дастур медиҳам, ки гӯши чаҳорпоёнро бишкофанд ва водорашон мекунам, то офариниши Аллоҳро тағйир диҳанд". Ва ҳар ки шайтонро ба ҷойи Аллоҳ таоло дӯст [-у корсози] худ гирад, ҳатман, зиёни ошкор кардааст
[Оре] Шайтон ба онон ваъда медиҳад ва дар [доми] орзуҳо меандозадашон ва ба онон ваъдае ҷуз фиреб намедиҳад
Онон [пайравони шайтон] ҷойгоҳашон дузах аст ва аз он ҳеҷ роҳи фироре намеёбанд
Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба зудӣ ононро дар боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунем, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорист, ҷовидона дар он хоҳанд монд, ваъдаи Аллоҳ таоло ҳақ аст ва кист, ки дар гуфтор [-у ваъдаҳояш] аз Аллоҳ таоло ростгӯйтар бошад?!
[Эй мусулмонон, наҷоту растагорӣ вобаста] Ба орзуҳои шумо ва орзуҳои аҳли китоб нест. Ҳар кас кори ношоистае анҷом диҳад, ба кайфараш хоҳад расид ва ҷуз Аллоҳ таоло барои худ дӯсту ёваре нахоҳад ёфт
Ва ҳар кас, аз зану мард, ки корҳои шоиста кунад ва муъмин бошад, [ҳамаи] онон вориди биҳишт мешаванд ва ба андозаи зарраи ночизе [ҳатто ба андозаи шикофи ҳастаи хурмо низ] ба эшон ситам нахоҳад шуд
Ва чи касе некоинтар аз касест, ки худро таслими Аллоҳ таоло карда ва накукор аст ва аз оини Иброҳими ҳақгаро пайравӣ намудааст? Ва Аллоҳ таоло Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид
Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба ҳар чизе иҳота дорад
Ва [эй паёмбар, мусулмонон] аз ту дар бораи занон назархоҳӣ мекунанд; Бигӯ: "Аллоҳ таоло дар бораи онон фатво медиҳад ва дар он чи аз китоб [Қуръон] бар шумо хонда мешавад, [низ] омадааст, ки [ҳукми Ӯ] дар бораи духтарони ятиме, ки ҳаққи муқаррарашон [аз маҳрияи ворис]-ро намепардозед ва майл ба издивоҷ бо онон надоред [ва аз рӯйи тамаъ дар амволашон ононро аз издивоҷ манъ мекунед] ва [ҳамчунин, дастураш дар мавриди] кӯдакони нотавон [ин аст], ки: "Дар ҳаққи ятимон ба адлу инсоф бикӯшед" ва ҳар он чи аз некиҳо, ки анҷом медиҳед, Аллоҳ таоло ба он огоҳ аст
Ва агар зане аз носозгорӣ ё рӯйгардонии шавҳараш бим дошт, пас, бар он ду нафар гуноҳе нест, ки бо [сарфи назар аз бархе ҳуқуқ ва вазоиф] бо якдигар оштӣ кунанд. Ва оштӣ беҳтар [аз талоқ] аст ва [-ле тамаъ ва] бухл нафсҳоро фаро гирифтааст [ва ҳеҷ кас аз ҳаққи хеш намегузарад] ва агар некӣ кунед ва парҳезкорӣ пеша созед, ҳатман, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
Ва [шумо мардон] ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз наметавонед [аз назари муҳаббати қалбӣ] миёни занон адолат барқарор кунед, пас, яксара [ба яке майл накунед ва] аз яке рӯ нагардонед, ки ӯро билотаклиф раҳо кунед. Ва агар созиш намоед ва парҳезгорӣ кунед, бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ва агар он ду [зану шавҳар] аз якдигар ҷудо шаванд, Аллоҳ таоло ҳар яке аз ононро аз кушоиш [ва бахшиши] хеш бениёз месозад ва Аллоҳ таоло ҳамвора кушоишгару ҳаким аст
Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва мо ба касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб [-и осмонӣ] дода шуд ва [ҳамчунин] ба шумо супориш кардем, ки: "Аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]" ва агар кофир шудед, [бидонед, ки] он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузор [-и бандагон] бошад
Эй мардум, агар Ӯ бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва дигаронро меоварад ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ин [кор] тавоност
Ҳар ки [дар қиболи корҳояш] подоши дунёро мехоҳад, пас, [бидонад, ки] подоши дунё ва охират назди Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ҳамвора шунавову биност
Эй касоне, ки имон овардаед, барподорандаи адолат бошед [ва] барои Аллоҳ таоло шаҳодат диҳед, агарчи ба зиёни худатон ё падару модар ва наздикон [-и шумо] бошад. Агар [яке аз ду тарафи даъво] тавонгар ё ниёзманд бошад, [боз ҳам] Аллоҳ таоло [аз шумо] ба он ду нафар сазовортар аст, пас, аз ҳавои нафс пайравӣ накунед, ки [аз ҳақ] мунҳариф мешавед. Ва агар забонро бигардонед, [ва ҳақро таҳриф кунед] ё [аз изҳори он] худдорӣ намоед, мусалламан, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва китобе, ки бар ӯ нозил кардааст ва [ба ҳар] китобе, ки пеш аз ин фиристодааст, имон биёваред [ва бар он пойдор бошед] ва ҳар, ки ба Аллоҳ таоло ва фариштагони Ӯ ва китобҳову паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат куфр биварзад, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст
Бе тардид, касоне ки имон оварданд, сипас кофир шуданд ва пас аз он имон оварданд ва боз кофир шуданд ва он гоҳ бар куфри [худ] афзуданд, Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он нест, ки ононро бибахшояд ва ба роҳ [-и рост, ки ба саодати абадӣ хатм мегардад] ҳидояташон кунад
[Эй паёмбар] Ба мунофиқон хабар бидеҳ, ки азоби дарднок барояшон [дар пеш] аст
[Ҳамон] Касоне, ки кофиронро ба ҷойи муъминон ба дӯстӣ бармегузинанд. Оё сарбаландиро назди онон меҷӯянд? Пас, [бояд бидонанд, ки] ҳамаи сарбаландӣ аз они Аллоҳ таоло аст
Ва [эй муъминон] мусалламан, [Аллоҳ таоло ин ҳукмро] дар ин китоб [Қуръон] бар шумо нозил кардааст, ки: "Чун шунидед [афроде] оёти Аллоҳро инкор мекунанд ва онро ба тамасхур мегиранд, бо онон нанишинед, то ба сухани дигар бипардозанд. [Агар бо онон биншинед] Дар ин сурат, ҳатман, шумо [низ] ҳаммонанди онон хоҳед буд". Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамаи мунофиқон ва кофиронро дар дузах гирд меоварад
[Ҳамон] Касоне, ки [аз сари бадхоҳӣ ҳамвора] шуморо зери назар доранд, агар пирӯзӣ ва кушоише аз ҷониби Аллоҳ таоло насибатон гардад, мегӯянд: "Магар мо бо шумо набудем"? Ва агар баҳрае насиби кофирон гардад, [ба онон] мегӯянд: "Магар мо пуштибонатон набудем ва шуморо аз [газанди] муъминон боз надоштем"? Пас, Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат миёни шумо доварӣ мекунад ва Аллоҳ таоло ҳаргиз барои кофирон роҳе [барои тасаллут] бар муъминон қарор надодааст
Бе тардид, мунофиқон [бо дурӯғгӯӣ ва тазоҳурашон] бо Аллоҳ таоло фиребкорӣ мекунанд [ва ҳол он ки ба сазои рафторашон] Аллоҳ таоло фиребдиҳандаи ононаст; ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ ва коҳилӣ бармехезанд [ва] бо мардум риёкорӣ мекунанд ва Аллоҳро ҷуз андаке ёд намекунанд
[Мунофиқон] Байни ин ду [гурӯҳ: муъминон ва кофирон] саргаштаанд, на бо инонанд ва на бо онон. Ва [эй паёмбар] ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, роҳе барои [ҳидояти] ӯ нахоҳӣ ёфт
Эй касоне, ки имон овардаед, кофиронро ба ҷойи муъминон, дӯстони [худ] нагиред. Оё мехоҳед, барои Аллоҳ таоло далели ошкоре ба зиёни худ [барои азоб] падид оваред?
Ҳамоно мунофиқон дар фурӯтарин дараҷоти дузаханд ва ҳаргиз ёваре барояшон нахоҳӣ ёфт
Магар онон, ки тавба карданд ва [ботини хешро] ислоҳ намуданд ва ба [китоби] Аллоҳ таоло тамассук ҷустанд ва дини худро барои Аллоҳ таоло холис гардонданд. Пас, инон бо муъминонанд ва Аллоҳ таоло ба муъминон подоши бузурге хоҳад дод
Агар шукр кунед ва имон оваред, Аллоҳ таоло чи ниёзе ба муҷозоти шумо дорад? Ва Аллоҳ таоло ҳамвора шукргузори доност
Аллоҳ таоло бадгӯии ошкорро дӯст намедорад, магар аз ҷониби касе, ки ба ӯ ситам шудааст [ва ночор забон ба шикояту нафрин мекушояд]. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора шунавову доност
Агар кори некро ошкор кунед ё онро пинҳон доред ё аз бадӣ [ва ситаме, ки ба шумо расидааст] даргузаред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи тавоност
Касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш куфр меварзанд ва мехоҳанд миёни Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш ҷудоӣ андозанд ва мегӯянд: "Мо ба баъзе имон дорем ва баъзеро инкор мекунем" ва мехоҳанд дар ин [миён байни куфру имон барои худ] роҳе баргузинанд
Ононанд, ки ба ростӣ, кофиранд ва мо барои кофирон азоби хоркунандае муҳайё кардаем
Ва касоне, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон оварданд ва миёни ҳеҷ кадом аз онон фарқ намегузоранд, ба зудӣ [Аллоҳ таоло] подошашонро ато мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст
[Эй паёмбар] Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки [ба нишонаи ростгӯӣ] барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. [Ин дархосташонро бузург машмор, зеро онон] Аз Мӯсо [чизи бузургтар ва] аҷибтар аз ин хостанд ва гуфтанд: "Аллоҳро ошкоро ба мо нишон бидеҳ". Он гоҳ ба хотири дархости ноҳақашон, соиқа [ё марге] ононро фурӯ гирифт, он гоҳ [чун Аллоҳ таоло ононро дубора зинда кард] пас аз он ки нишонаҳои ошкор барояшон омад, гӯсолапарастӣ карданд, ва [-ле мо пас аз он ки тавба карданд] аз он [гуноҳашон низ] даргузаштем ва ба Мӯсо далели ошкор бахшидем
Ва ба сабаби паймон [гирифтан аз] онон [кӯҳи] Тӯрро болои сарашон барафроштем ва ба эшон гуфтем: "Бо фурӯтанӣ аз дарвоза [-и Байт-ул-муқаддас] ворид шавед" ва [ҳамчунин] ба онон гуфтем: "Ҳурмати шанберо нашканед [ва аз сайди моҳӣ даст бикашед]" ва аз онон паймони сахту устувор гирифтем
Пас, ба [сазои] паймоншиканишон ва инкорашон нисбат ба оёти Аллоҳ таоло ва куштори ноҳаққи онон [аз] паёмбарон [лаънаташон кардем] ва [ба хотири ин] суханашон, ки: "Дилҳои мо [ҷойи сухани ҳақ нест ва] пӯшида аст", балки Аллоҳ таоло ба хотири куфрашон бар дилҳояшон муҳр задаст. Бинобар ин ҷуз андаке имон намеоваранд
Ва [низ] ба сазои куфрашон ва он туҳмати бузурге, ки ба Марям заданд
Ва [ононро лаънат кардаем ба хотири ин] суханашон, ки: "Мо Масеҳ – Исо писари Марям – паёмбари Аллоҳро куштем", дар ҳоле ки на ӯро куштанд ва на ба дор овехтанд, вале [амр] бар онон муштабаҳ шуд [ва мардеро, ки шабеҳи Исо буд, ба дор кашиданд] ва касоне, ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, ҳатман, дар борааш дучори тардиданд ва ҳеҷ илме бад-он надоранд, магар он ки аз гумон пайравӣ мекунанд ва яқинан, ӯро накуштанд
Балки Аллоҳ таоло ӯро ба сӯйи Хеш боло бурд. Ва Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
Ва [касе] аз аҳли китоб нест, магар ин ки пеш аз маргаш, ҳатман, ба ӯ [Исо] имон меоварад ва рӯзи қиёмат [низ] вай бар [куфру имони] онон гувоҳ хоҳад буд
Пас, ба сазои ситаме, ки аз яҳудиён сар зад ва ба сабаби боздоштани бисёре [аз мардум] аз роҳи Аллоҳ таоло, [мо низ] чизҳои покизаеро, ки барояшон ҳалол буд, бар онон ҳаром кардем
Ва [низ ба сабаби] рибо гирифтанашон, бо он ки аз он наҳй шуда буданд ва ин ки моли мардумро ба нораво мехӯрданд. Ва мо барои кофиронашон азоби дарднок муҳайё кардаем
Вале аз миёни онон росихони дар илм [уламои яҳуд] ва муъминон [яъне онон, ки] ба он чи бар ту нозил шудааст ва он чи ки пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва [ҳамчунин] намозгузорону закотдиҳандагон ва имоноварандагон ба Аллоҳ таоло ва рӯзи бозпасин, ба [ҳамаи] инҳо подоши бузурге хоҳем дод
[Эй паёмбар] Бе тардид мо ба ту ваҳй фиристодем; ҳамон гуна, ки ба Нуҳу паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй фиристодем ва [низ] ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] ва Исову Аюб ва Юнусу Ҳорун ва Сулаймон ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забур додем
Ва паёмбароне [фиристодем], ки дар ҳақиқат, [саргузашти] ононро пеш аз ин барои ту ҳикоят намудем ва паёмбароне [-ро низ барангехтаем], ки [достони] эшонро бароят баён накардаем. Ва Аллоҳ таоло бо Мӯсо ошкор [ва бевосита] сухан гуфт
Паёмбароне [фиристодем], ки башоратбахшу бимдиҳанда буданд, то барои мардум пас аз [биъсати] паёмбарон дар муқобили Аллоҳ таоло [ҳеҷ баҳона ва] ҳуҷҷате набошад. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора шикастнопазири ҳаким аст
[Эй паёмбар, кофирон паёматро инкор мекунанд] Вале Аллоҳ таоло ба [дурустии] он чи бар ту нозил кардааст, шаҳодат медиҳад. Онро ба илми хеш нозил кардааст ва фариштагон низ шаҳодат медиҳанд. Ва [барои ҳаққонияти Қуръон] кофист, ки Аллоҳ таоло гувоҳ бошад
Бе тардид, касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд, ба гумроҳии дуру дарозе афтодаанд
Бе тардид, касоне, ки куфр варзиданд ва [бо ин кор бар худ] ситам карданд, Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он нест, ки биёмурзадашон ва ба роҳ [-и дуруст низ] ҳидояташон намекунад
Магар роҳи ҷаҳаннам, ки ҷовидона дар он мемонанд ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст
Эй мардум, ин паёмбар аз ҷониби Парвардигоратон [ҳидояту дини] ҳақро бароятон овардааст, пас, имон биёваред, ки ба хайр [-у салоҳ]-и шумост. Ва агар [суханашро напазиред ва] куфр биварзед, [бидонед, ки] он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст [ва куфри шумо бар Ӯ зиёне намерасонад] ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст
Эй [масеҳиёни] аҳли китоб, дар дини худ ғулув накунед ва дар бораи Аллоҳ таоло ҷуз [сухани] ҳақ нагӯед. Бе тардид, Масеҳ – Исо писари Марям – фиристодаи Аллоҳ таоло ва калимаи Ӯст, ки [амр кард: "Бош", пас, бедиранг мавҷуд шуд ва бад-ин сурат ба амри Аллоҳ таоло [Ҷабраил] вайро ба Марям илқо кард ва [Исо] рӯҳе аз ҷониби Ӯст. Пас, ба Аллоҳ таоло ва паёмбаронаш имон биёваред ва нагӯед: "[Маъбуд] Сегона аст". [Аз ин сухан] Бозистед, ки барои шумо беҳтар аст. Аллоҳ таоло танҳо маъбуди ягона аст [ва] аз ин ки фарзанде дошта бошад, пок [-у муназзаҳ] аст. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва ҳамин бас аст, ки Аллоҳ таоло коргузор [-у муроқиби махлуқот] бошад
Масеҳ ва фариштагони муқарраб ҳаргиз [сар намепечанд ва] ибо надоранд, аз ин ки бандаи Аллоҳ таоло бошанд. Ва ҳар ки аз парастиши Ӯ сарпечӣ кунад ва такаббур варзад, ҳамаи ононро [барои ҳисобрасӣ] назди хеш ҷамъ хоҳад кард
Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, [Аллоҳ таоло] подошҳояшонро ба таври комил медиҳад ва аз фазли хеш бар онҳо меафзояд. Ва аммо онон, ки ибо карданд ва такаббур варзиданд, ба азоби дарднок азобашон мекунад ва барои худ ғайр аз Аллоҳ таоло дӯсту ёваре намеёбанд
Эй мардум, ба ростӣ, ки барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан [Муҳаммад] омад ва нури ошкор [Қуръон] ба сӯятон нозил кардем
Аммо онон, ки ба Аллоҳ таоло имон оварданд ва ба он [Қуръон] тамассук ҷустанд, ҳамаро дар раҳмату фазли худ ворид хоҳад кард ва ба роҳи рост ба сӯйи хеш раҳнамун мегардонад
[Эй паёмбар, дар бораи чигунагии тақсими ирс байни бародару хоҳари он майите, ки падару модар ва фарзанд надорад] аз ту мепурсанд. Бигӯ: "Аллоҳ таоло дар [мавриди] калола бароятон ҳукм содир мекунад: Агар марде, ки [падару модар ва] фарзанде надорад, фавт кунад ва хоҳаре дошта бошад, нисфи тарака аз они ӯст. [Ва агар зане фавт кунад ва бародаре дошта бошад] Дар сурате ки фарзанд надошта бошад, он мард [ҳамаи таракаро] аз ӯ ба ирс мебарад. Ва агар ду хоҳар [ё бештар аз майит] боқӣ бимонад, ду савуми тарака барои онҳост. Ва агар бародарону хоҳарон [бо ҳам] бошанд, ҳар марде [муодили] саҳми ду занро дорад. Аллоҳ таоло [ин аҳкомро] бароятон равшан месозад, то гумроҳ нашавед [ва дар тақсими ирс ба роҳи хато наравед] ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност"
السورة التالية
Icon