0:00
0:00

1.Бигӯ эй Паёмбар: Аллоҳ таъоло ба ман ваҳй кардааст, ки гурӯҳе аз ҷин ҳамоно гӯш фаро доданд, ҳангоме ки ман тиловати Қуръон мекардам. Пас чун шуниданд, ба қавмашон гуфтанд: Ҳамоно шунидем Қуръонро, хеле хуш аст дар балоғаташ, фасоҳаташ ва дар ахкому ахбораш,
2.даъват мекунад ба сӯӣ ҳақ ва ҳидоят. Пас, мо ба ин Қуръон имон овардем ва ҳаргиз касеро дар ибодат шарики Парвардигорамон намесозем.
3.Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва на фарзанде дорад.
4.Ва бехиради мо Иблис дар бораи Аллоҳ таъоло суханони дур аз ҳақ мегуфт(1).
____________________
1. Яъне, гуё, ки Аллоҳ шарик ва фарзанд дорад. Тафсири Бағавӣ 8/238
5.Ва мо, ҳароина, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Аллоҳ таъоло, ҳаргиз дурӯғ намегӯянд(1).
____________________
1. Яъне: Ба Аллоҳ таъоло шарик ва фарзанд қарор намедиҳанд. Тафсири Бағавӣ 8/238
6.Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд, пас зиёда карданд мардони ҷин бар инсҳои паноҳҷӯй тарсу ҳароси бештарро.(1)
____________________
1. Ин он паноҳбарие аст, ки ахди ҷоҳилият ин гӯна паноҳ мебурданд ва ин навъ ширки акбар аст, ки Аллоҳ онро намебахшад, магар баъди тавбаи насуҳ. Дар ин оят ҳушдори сахт аст барои касоне, ки ба назди ҷодугарон ва фолбинон мераванд.
7.Ва ҳамчунон, ки шумо эй гӯруҳи ҷинҳо мепиндоштед, инсонҳои кофир ҳам мепиндоштанд, ки Аллоҳ таъоло, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора баъд аз марг зинда намегардонад.
8.Ва мо гӯруҳи ҷинҳо талаб кардем ба осмон расиданро то бишнавем суханҳои аҳли осмонро, пас онро ёфтем пур аз фариштагони нигаҳбону қудратманд бо ситорагон, ки андохта мешавад ба он касеро, ки ба осмон наздик мешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\657
9.Ва мо, ҳароина менишастем пеш аз ин ба ҷойҳое аз осмон; то бишнавем ахборашро. Пас, ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад, ки ӯро сӯзонда ҳалок мекунад.(1)
____________________
1. Ин ду оят ботил месозад даъвои ҷодугарон ва фолбинонро, ки мегӯянд: онҳо илми ғайб медонанд ва бехирадонро бо ин даъвои дӯруғинашон гумроҳ месозанд.
10.Ва мо гӯруҳи ҷинҳо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад?
11.Ва баъзе аз мо некӯкору солеҳанд ва баъзе аз мо ғайри ин кофиру фосиқанд ва гурӯҳҳои гуногунем.
12.Ва мо яқин донистем, ки Аллоҳ бар мо қодир аст ва мо дар зери қабза ва фармонравоии Ӯ мебошем, пас агар кореро ба мо хоҳад, аз Ӯ гурехтан натавонем. Ва ҳаргиз натавонем сӯи осмон гурехтан аз азобаш, агар бадиеро ба мо хоҳад.
13. Ва чун Қуръонро шунидем, ба он имон овардем ва иқрор кардем, ки Қуръон
аз назди Аллоҳ аст. Пас ҳар ки ба Парвардигораш имон оварад, пас на аз нуқсони ҳасаноташ метарсад ва на аз ситам (яъне, мабодо, ки дар бадиҳояш изофае нашавад).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/660
14.   Ва ҳароина, баъзе аз мо ҷинҳо мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ дур. Пас онҳое, ки ислом овардаанд(1), пас онҳо қасд кардаанд роҳи ростро.
____________________
1. Яъне, сар фӯруд овардаанд ба тоъат барои Аллоҳ.
15.   Ва аммо онҳое, ки аз роҳи Ислом дуранд, пас онҳо ҳезуми ҷаҳаннаманд.
16.   Ва агар одамони кофир ва ҷинҳои кофир ба роҳи Ислом мерафтанд, ҳароина, барои онҳо оби бисёреро фуруд меовардем ва ризқашонро дар дунё фарох мекардем,
17.   то онҳоро биёзмоем чи гуна неъматҳои Аллоҳро шукр мекунанд? Ва ҳар ки аз тоъати Парвардигораш ва гӯш кардани Қуръон ва амал кардан ба он рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/664
18.   Ва ҳароина, масҷидҳо барои ибодати Аллоҳи ягона ҳастанд. Пас ибодат накунед дар он ҷо ғайрашро. Ҳамоно масҷидҳо фақат барои ибодати Аллоҳи ягона сохта
шудаанд. (1)
____________________
1. Воҷиб аст пок нигоҳ доштани масҷидҳо аз ҳар гуна чизҳое, ки дар ихлос барои Аллоҳ ва пайравии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам халал мерасонанд.
19.   Ва чун бандаи Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои парастиши Парвардигораш бархост, наздик буд, ки ҷинҳо ӯро боло-болои ҳам гирд кунанд, то бишнаванд аз ӯ Қуръонро.
20. Бигӯ эй Паёмбар ба он кофирон: Танҳо Парвардигорамро ягона парастиш мекунам ва ҳеҷ касро дар ибодат шарики Ӯ намесозам.
21.    Бигӯ эй Паёмбар ба онҳо: Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё барои шумо фоидае биёварам.
22.    Бигӯ: Ҳеҷ кас маро, аз азоби Аллоҳ наҷот надиҳад агар нофармонии Ӯ кунам ва ман ҷуз Ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,
23.    Вале он чӣ метавонам расондани пайёми Ӯ таъоло ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ мебошад. Ва ҳар ки Аллоҳу паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳароина, оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад
буд,
24.    То он гоҳ, ки он чиро ба мушрикон ваъда дода буданд, (яъне азобро) бингаранд. Пас, хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст.
25.    Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ: Ман намедонам, ки оё он ваъдаи азобе, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?
26.    Ӯ таъоло донои ғайб аст(1) ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас аз халкаш ошкор намесозад,
____________________
1. Яъне: Медонад он чизҳоеро, ки аз чашмон ғоиб аст.
27.    магар бар он паёмбаре, ки ӯро барои рисолаташ ихтиёр кардааст ва аз ӯ хушнуд бошад, пас ӯро ба баъзе аз илми ғайбаш хабардор мекунад ва барои нигаҳбонии ӯ (аз ҷин), аз пеши рӯй ва пушти сараш
нигаҳбоне (фариштае) қарор медиҳад, мабодо хабари ғайбро надузданд ва ба гӯши коҳинон нарасонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8/244
28.    То бидонад, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салллам), паёмбарони пеш аз ӯ низ ҳам паёмҳои Парвардигорашонро ҳақ ва рост расонидаанд ва ӯ ҳам ҳифз карда шудааст аз ҷин, ҳамчунон ки паёмбарони пешина ҳифз карда шуда буданд. Ва Аллоҳ таъоло ба он чӣ дар назди онҳост, аз илмҳои ошкоро ва пинҳонӣ амрҳо ва ҳукмҳо иҳота дорад, чизе аз Ӯ фавт нашавад ва Ӯ таъоло ҳама чизро ба адад шумор кардааст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\891
السورة التالية
Icon