فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ شَهۡرَيۡنِ مُتَتَابِعَيۡنِ مِن قَبۡلِ أَن يَتَمَآسَّاۖ فَمَن لَّمۡ يَسۡتَطِعۡ فَإِطۡعَامُ سِتِّينَ مِسۡكِينٗاۚ ذَٰلِكَ لِتُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Аммо касоне, ки ғуломе наёбанд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ду моҳ пай дар пай рӯза бидоранд. Ва он кӣ натавонад, бояд шаст мискинро таъом диҳад. Ва ин ба он сабаб аст, ки ба Худову паёмбараш имон биёваред. Инҳо, ҳудуди Худост. Ва барои кофирон азобест дардовар!


إِنَّ ٱلَّذِينَ يُحَآدُّونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ كُبِتُواْ كَمَا كُبِتَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ وَقَدۡ أَنزَلۡنَآ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۚ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٞ مُّهِينٞ

Касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат (зиддият, муқобала) мекунанд, залилу хор мешаванд, ҳамчунон ки пешиниёнашон хор шудаанд. Мо, оёте равшан нозил кардем ва кофиронро азобест хоркунанда!


يَوۡمَ يَبۡعَثُهُمُ ٱللَّهُ جَمِيعٗا فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوٓاْۚ أَحۡصَىٰهُ ٱللَّهُ وَنَسُوهُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ

Рӯзе, ки Худо ҳамагонро зинда мекунанд, ононро аз коре, ки кардаанд, огоҳ месозад. Худо корҳои онҳоро шумора кардааст, ҳарчанд худ аз ёд бурдаанд ва Худо шоҳиду нозир бар ҳар чизест!


أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ مَا يَكُونُ مِن نَّجۡوَىٰ ثَلَٰثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمۡ وَلَا خَمۡسَةٍ إِلَّا هُوَ سَادِسُهُمۡ وَلَآ أَدۡنَىٰ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡثَرَ إِلَّا هُوَ مَعَهُمۡ أَيۡنَ مَا كَانُواْۖ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ

Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани махфӣ) кунанд, Худованд чаҳорумини онҳост ва панч кас бошанд, Худованд шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, — ҳар ҷо ки бошанд, — ва бештар аз ин. Худо бо онҳост. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунад. Зеро Худо бар ҳама чиз огоҳ аст!



الصفحة التالية
Icon