يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَن يَرۡتَدَّ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَسَوۡفَ يَأۡتِي ٱللَّهُ بِقَوۡمٖ يُحِبُّهُمۡ وَيُحِبُّونَهُۥٓ أَذِلَّةٍ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ يُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوۡمَةَ لَآئِمٖۚ ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар кӣ аз шумо аз динаш бозгардад, чӣ бок; ба зудӣ Худо мардумеро биёварад, ки дӯсташон бидорад ва дӯсташ бидоранд. Дар баробари мӯъминон хоксоранд ва дар баробари кофирон саркаш; дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Худост, ки ба ҳар кас, ки хоҳад медиҳад. ва Худованд бахшояндаву доност!


إِنَّمَا وَلِيُّكُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُمۡ رَٰكِعُونَ

Фақат ва фақат дӯсти шумо Худост ва расули Ӯ ва мӯъминоне, ки намоз мехонанд ва ҳамчунон, ки дар рукӯъанд, садақа мекунанд,


وَمَن يَتَوَلَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فَإِنَّ حِزۡبَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ

Ва ҳар кӣ Худо ва паёмбари Ӯ ва мӯъминонро дӯсти худ бигирад, бидонад, ки пирӯзмандон гурӯҳи Худованданд.


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ دِينَكُمۡ هُزُوٗا وَلَعِبٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ وَٱلۡكُفَّارَ أَوۡلِيَآءَۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ

Эй касоне, ки имон овардаед, аҳли китобро, ки дини шуморо ба масхара ва бозӣ мегиранд ва низ кофиронро ба дӯстӣ нагиред. Ва агар имон овардаед, аз Худо битарсед!



الصفحة التالية
Icon