مَن كَانَ عَدُوّٗا لِّلَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَجِبۡرِيلَ وَمِيكَىٰلَ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَدُوّٞ لِّلۡكَٰفِرِينَ
Ҳарки душмани Ходою фариштагони ӯ ва паёмбаронаш ваҶабраилу Микоил бошад, Худо ҳам душмани кофирон аст!
وَلَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۖ وَمَا يَكۡفُرُ بِهَآ إِلَّا ٱلۡفَٰسِقُونَ
Бе шакк бар ту оёте равшан нозил кардем. Ба ҷуз фосиқон касе мункири онҳо нахоҳад шуд.
أَوَكُلَّمَا عَٰهَدُواْ عَهۡدٗا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٞ مِّنۡهُمۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ
Оё ҳар бор, ки бо Худо паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд? Оре, бештарашон имон нахоҳанд овард!
وَلَمَّا جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٞ لِّمَا مَعَهُمۡ نَبَذَ فَرِيقٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمۡ كَأَنَّهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Ва гурӯҳе аз аҳли китоб чун паёмбаре аз ҷониби Худо бар онон фиристода шуд, ки ба китобашон ҳам гувоҳӣ медод, китоби Худоро, чунон ки гӯӣ аз он бехабаранд, паси пушт афканданд.
وَٱتَّبَعُواْ مَا تَتۡلُواْ ٱلشَّيَٰطِينُ عَلَىٰ مُلۡكِ سُلَيۡمَٰنَۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيۡمَٰنُ وَلَٰكِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ كَفَرُواْ يُعَلِّمُونَ ٱلنَّاسَ ٱلسِّحۡرَ وَمَآ أُنزِلَ عَلَى ٱلۡمَلَكَيۡنِ بِبَابِلَ هَٰرُوتَ وَمَٰرُوتَۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنۡ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحۡنُ فِتۡنَةٞ فَلَا تَكۡفُرۡۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنۡهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِۦ بَيۡنَ ٱلۡمَرۡءِ وَزَوۡجِهِۦۚ وَمَا هُم بِضَآرِّينَ بِهِۦ مِنۡ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡۚ وَلَقَدۡ عَلِمُواْ لَمَنِ ٱشۡتَرَىٰهُ مَا لَهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنۡ خَلَٰقٖۚ وَلَبِئۡسَ مَا شَرَوۡاْ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمۡۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ
Ва ба афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта ---- Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабод кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳе меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!