فَكَذَّبُوهُ فَأَنجَيۡنَٰهُ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ وَأَغۡرَقۡنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمًا عَمِينَ

Пас дурӯғ бароварданд ва Мо ӯву касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, раҳонидем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ сохтем, ки мардуме кӯрдил буданд!


۞وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ

Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро биперастед, ки шуморо ғайри Ӯ худое нест ка чаро намепарҳезед?»


قَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦٓ إِنَّا لَنَرَىٰكَ فِي سَفَاهَةٖ وَإِنَّا لَنَظُنُّكَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ

Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯғгуён бошӣ».


قَالَ يَٰقَوۡمِ لَيۡسَ بِي سَفَاهَةٞ وَلَٰكِنِّي رَسُولٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам.


أُبَلِّغُكُمۡ رِسَٰلَٰتِ رَبِّي وَأَنَا۠ لَكُمۡ نَاصِحٌ أَمِينٌ

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо пандгӯе боваринокам.



الصفحة التالية
Icon