۞وَإِذِ ٱبۡتَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِـۧمَ رَبُّهُۥ بِكَلِمَٰتٖ فَأَتَمَّهُنَّۖ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامٗاۖ قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِيۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهۡدِي ٱلظَّـٰلِمِينَ
Ва Парвардигори Иброҳим ӯро ба коре чанд биёзмуд ва Иброҳим он корҳоро ба тамомӣ ба анҷом расонид. Худо гуфт: «Ман туро пешвои мардум гардонидам». Гуфт: «Фарзандонамро ҳам?» Гуфт: «Паймони ман ситамкоронро дар бар нагирад».
وَإِذۡ جَعَلۡنَا ٱلۡبَيۡتَ مَثَابَةٗ لِّلنَّاسِ وَأَمۡنٗا وَٱتَّخِذُواْ مِن مَّقَامِ إِبۡرَٰهِـۧمَ مُصَلّٗىۖ وَعَهِدۡنَآ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ أَن طَهِّرَا بَيۡتِيَ لِلطَّآئِفِينَ وَٱلۡعَٰكِفِينَ وَٱلرُّكَّعِ ٱلسُّجُودِ
Ва Каъбаро ҷои ҷамъшавӣ ва макони амни мардум сохтем. Мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Мо Иброҳим ва Исмоилро фармон додем: «Хонаи маро барои тавофкунандагону муқимон ва рокеъону соҷидон покиза доред!»
وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِـۧمُ رَبِّ ٱجۡعَلۡ هَٰذَا بَلَدًا ءَامِنٗا وَٱرۡزُقۡ أَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ مَنۡ ءَامَنَ مِنۡهُم بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ قَالَ وَمَن كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُۥ قَلِيلٗا ثُمَّ أَضۡطَرُّهُۥٓ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلنَّارِۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амне гардон ва аз мардумаш ононро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар Самара рӯзӣ соз!» Гуфтем: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андак бархӯрдорӣ диҳам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», ки бад ҷои бозгаштест!