وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَيُطِيعُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَـٰٓئِكَ سَيَرۡحَمُهُمُ ٱللَّهُۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ

Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоист бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!


وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَمَسَٰكِنَ طَيِّبَةٗ فِي جَنَّـٰتِ عَدۡنٖۚ وَرِضۡوَٰنٞ مِّنَ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Худо ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар биҳишти ҷовид. Вале хушнудии Худо аз ҳама бузургтар аст, ки пирӯзии бузург хушнудии Худованд аст!


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ جَٰهِدِ ٱلۡكُفَّارَ وَٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱغۡلُظۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ

Эй паёмбар, бо кофирону мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест!


يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ مَا قَالُواْ وَلَقَدۡ قَالُواْ كَلِمَةَ ٱلۡكُفۡرِ وَكَفَرُواْ بَعۡدَ إِسۡلَٰمِهِمۡ وَهَمُّواْ بِمَا لَمۡ يَنَالُواْۚ وَمَا نَقَمُوٓاْ إِلَّآ أَنۡ أَغۡنَىٰهُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ مِن فَضۡلِهِۦۚ فَإِن يَتُوبُواْ يَكُ خَيۡرٗا لَّهُمۡۖ وَإِن يَتَوَلَّوۡاْ يُعَذِّبۡهُمُ ٱللَّهُ عَذَابًا أَلِيمٗا فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۚ وَمَا لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ

Ба Худо савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд. Айбҷӯиашон аз он рӯст, ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо босарваташон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯйгардон шаванд. Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададкоре!



الصفحة التالية
Icon