وَمِنۡ حَيۡثُ خَرَجۡتَ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۖ وَإِنَّهُۥ لَلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ

Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи худ ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ҳақ ҳамон аст, ки Парвардигорат ба он амр фармуда. Ва Худо аз корҳоятон ноогоҳ нест!


وَمِنۡ حَيۡثُ خَرَجۡتَ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيۡكُمۡ حُجَّةٌ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡ فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِي وَلِأُتِمَّ نِعۡمَتِي عَلَيۡكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ

Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед рӯй ба он сӯй кунед то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам, бошад, ки ҳидоят шавед.


كَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِيكُمۡ رَسُولٗا مِّنكُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِنَا وَيُزَكِّيكُمۡ وَيُعَلِّمُكُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمۡ تَكُونُواْ تَعۡلَمُونَ

Ҳамчунон, ки паёмбаре аз худи шуморо бар шумо фиристодем, то оёти моро бароятон бихонад ва шуморо покиза гардонад ва китобу ҳикмат омӯзад ва он чиро, намедонистед, ба шумо ёд диҳад.


فَٱذۡكُرُونِيٓ أَذۡكُرۡكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِي وَلَا تَكۡفُرُونِ

Пас моро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии ман накунед.



الصفحة التالية
Icon