۞وَإِن تَعۡجَبۡ فَعَجَبٞ قَوۡلُهُمۡ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبًا أَءِنَّا لَفِي خَلۡقٖ جَدِيدٍۗ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ ٱلۡأَغۡلَٰلُ فِيٓ أَعۡنَاقِهِمۡۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Агар ту дар ҳайрат меоӣ, тааҷҷуб дар сухани онҳо аст, ки оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд, бар гарданҳошон тавқҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонаанд.


وَيَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبۡلَ ٱلۡحَسَنَةِ وَقَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِمُ ٱلۡمَثُلَٰتُۗ وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغۡفِرَةٖ لِّلنَّاسِ عَلَىٰ ظُلۡمِهِمۡۖ وَإِنَّ رَبَّكَ لَشَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ

Ба шитоб аз ту пеш аз хайру бахшоиш азоб металабанд. Пеш аз онҳо азобҳое будааст ва Парвардигори ту мардумро, бо он ки ситам кардаанд, мебахшад ва низ Парвардигори ту ба сахтӣ уқубат мекунад.


وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ ءَايَةٞ مِّن رَّبِّهِۦٓۗ إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرٞۖ وَلِكُلِّ قَوۡمٍ هَادٍ

Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш муъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае ҳастӣ ва ҳар қавмеро роҳнамоест!


ٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَحۡمِلُ كُلُّ أُنثَىٰ وَمَا تَغِيضُ ٱلۡأَرۡحَامُ وَمَا تَزۡدَادُۚ وَكُلُّ شَيۡءٍ عِندَهُۥ بِمِقۡدَارٍ

Худо медонад, ки ҳар зане чӣ дар раҳм дорад ва он чӣ раҳмҳо коҳад ва он чӣ раҳмҳо афзояд. Ва ҳар чизро дар назди Ӯ миқдоре муъайян аст.



الصفحة التالية
Icon