وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ كَمَثَلِ ٱلَّذِي يَنۡعِقُ بِمَا لَا يَسۡمَعُ إِلَّا دُعَآءٗ وَنِدَآءٗۚ صُمُّۢ بُكۡمٌ عُمۡيٞ فَهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ

Мисоли кофирон мисли ҳайвонест, ки касе дар гӯши ӯ овоз кунад ва ӯ ҷуз бонгеву овозе нашнавад. Инҳо каронанд, гунгонанд, кӯронанд ва ҳеҷ намефаҳманд.


يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِلَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ

Эй касоне, имон овардаед, аз он чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукрашро ба ҷой оваред.


إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ بِهِۦ لِغَيۡرِ ٱللَّهِۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ

Ҷуз ин нест, ки мурдору хунро ва гӯшти хукро ва он чиро, ки ба ҳангоми забҳ номи ғайри Худо бар он бихонанд, бар шумо ҳаром кард. Аммо касе, ки ночор шавад, ҳар гоҳ ки бемайли ҷӯяд ва аз ҳад нагузаронад, гуноҳе анҷом надода аст, ки Худо омурзанда ва бахшоянда аст!


إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡتُمُونَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَشۡتَرُونَ بِهِۦ ثَمَنٗا قَلِيلًا أُوْلَـٰٓئِكَ مَا يَأۡكُلُونَ فِي بُطُونِهِمۡ إِلَّا ٱلنَّارَ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Онон, ки китоберо, ки Худо нозил кардааст, пинҳон медоранд, то баҳои андаке биситонанд, шикамҳои худро ҷуз аз оташ пур намесозанд. Ва Худо дар рӯзи қиёмат ба онҳо сухан нагӯяд ва покашон насозад ва насиби онҳо азобе дардовар аст!



الصفحة التالية
Icon