وَلَا تَأۡكُلُوٓاْ أَمۡوَٰلَكُم بَيۡنَكُم بِٱلۡبَٰطِلِ وَتُدۡلُواْ بِهَآ إِلَى ٱلۡحُكَّامِ لِتَأۡكُلُواْ فَرِيقٗا مِّنۡ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ بِٱلۡإِثۡمِ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

Молҳои, якдигарро ба ношоист махӯред ва онро ба ришват ба ҳакимон мадиҳед то бад-он сабаб молҳои гурӯҳе дигарро ба ноҳақ бихӯред. Ва шумо худ медонед.


۞يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡأَهِلَّةِۖ قُلۡ هِيَ مَوَٰقِيتُ لِلنَّاسِ وَٱلۡحَجِّۗ وَلَيۡسَ ٱلۡبِرُّ بِأَن تَأۡتُواْ ٱلۡبُيُوتَ مِن ظُهُورِهَا وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنِ ٱتَّقَىٰۗ وَأۡتُواْ ٱلۡبُيُوتَ مِنۡ أَبۡوَٰبِهَاۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

Аз ту дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: «Барои он аст, мардум вақти корҳои хеш ва замони ҳаҷро бишиносанд». Ва писандида нест, ки аз пушти хонаҳо ба онҳо дохил шавед, вале писандида роҳи касонест, ки Худо тарсӣ кунанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароед ва аз Худо битарсед то наҷот ёбед!


وَقَٰتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ٱلَّذِينَ يُقَٰتِلُونَكُمۡ وَلَا تَعۡتَدُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُعۡتَدِينَ

Бо касоне, ки бо шумо ҷанг мекунанд, дар роҳи Худо биҷангед ва аз ҳад нагузаред. Зеро Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад!


وَٱقۡتُلُوهُمۡ حَيۡثُ ثَقِفۡتُمُوهُمۡ وَأَخۡرِجُوهُم مِّنۡ حَيۡثُ أَخۡرَجُوكُمۡۚ وَٱلۡفِتۡنَةُ أَشَدُّ مِنَ ٱلۡقَتۡلِۚ وَلَا تُقَٰتِلُوهُمۡ عِندَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ حَتَّىٰ يُقَٰتِلُوكُمۡ فِيهِۖ فَإِن قَٰتَلُوكُمۡ فَٱقۡتُلُوهُمۡۗ كَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡكَٰفِرِينَ

Ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо рондаанд, биронедашон, ки фитна аз қатл бадтар аст. Ва дар Масҷидулҳаром бо онҳо наҷангед, магар он ки бо шумо биҷанганд. Ва чун бо шумо ҷангиданд, бикушедашон, ки ин аст ҷазои кофирон!



الصفحة التالية
Icon