۞وَلَقَدۡ كَرَّمۡنَا بَنِيٓ ءَادَمَ وَحَمَلۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّمَّنۡ خَلَقۡنَا تَفۡضِيلٗا
Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва бар дарёву хушкӣ савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додаем ва бар бисёре аз махлуқоти худ беҳтариашон додем.
يَوۡمَ نَدۡعُواْ كُلَّ أُنَاسِۭ بِإِمَٰمِهِمۡۖ فَمَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَأُوْلَـٰٓئِكَ يَقۡرَءُونَ كِتَٰبَهُمۡ وَلَا يُظۡلَمُونَ فَتِيلٗا
Рӯзе, ки ҳар гурӯҳ аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи ҳар кӣ ба дасти росташ дода шавад чун бихонад, бинад, ки ба андозаи риштаи борике, ки даруни донаи хурмост, ба ӯ ситам нашудааст.
وَمَن كَانَ فِي هَٰذِهِۦٓ أَعۡمَىٰ فَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلٗا
Ва ҳар кӣ дар ин дунё нобино бошад, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.
وَإِن كَادُواْ لَيَفۡتِنُونَكَ عَنِ ٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ لِتَفۡتَرِيَ عَلَيۡنَا غَيۡرَهُۥۖ وَإِذٗا لَّٱتَّخَذُوكَ خَلِيلٗا
Наздик буд туро аз он чӣ бар ту ваҳй карда будем, бероҳ созанд, то чизи дигаре ғайри онро ба дурӯғ ба мо нисбат кунӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд.
وَلَوۡلَآ أَن ثَبَّتۡنَٰكَ لَقَدۡ كِدتَّ تَرۡكَنُ إِلَيۡهِمۡ شَيۡـٔٗا قَلِيلًا
Ва агар ба ту пойдорӣ намедодем, наздик буд, ки андаке ба онон майл кунӣ.