وَمِنۡهُم مَّن يَقُولُ رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ حَسَنَةٗ وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ
Ва баъзе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор».
أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ نَصِيبٞ مِّمَّا كَسَبُواْۚ وَٱللَّهُ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ
Инҳо аз он чӣ хостаанд, баҳраманд мешаванд ва Худо басуръат ба ҳисоби ҳар кас мерасад!
۞وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ فِيٓ أَيَّامٖ مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن تَعَجَّلَ فِي يَوۡمَيۡنِ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِ وَمَن تَأَخَّرَ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۖ لِمَنِ ٱتَّقَىٰۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ
Худовандро дар рӯзҳое чан дёд кунед ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад, содиркунандаи гуноҳе нашудааст. Ҳар парҳезгоре ҳам, ки таърих кунад, гуноҳе накардааст. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ҳамагон ба пешгоҳи Вай гирд меоед!
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُعۡجِبُكَ قَوۡلُهُۥ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيُشۡهِدُ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلۡبِهِۦ وَهُوَ أَلَدُّ ٱلۡخِصَامِ
Дар ин дунё касест аз мардум, ки Худоро ба дурустии эътиқоди хеш гувоҳ мегирад ват уро суханаш дар бораи зиндагии ин дунё ба тааҷҷуб меорад, дар ҳоле ки сахттарини душманон аст.
وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيُفۡسِدَ فِيهَا وَيُهۡلِكَ ٱلۡحَرۡثَ وَٱلنَّسۡلَۚ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلۡفَسَادَ
Чун аз назди ту бозгардад, дар замин фасод кунад ва киштзорҳо ва домҳоро нобуд созад ва Худо фасодро дӯст надорад!