قَالَ لَهُۥ صَاحِبُهُۥ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَكَفَرۡتَ بِٱلَّذِي خَلَقَكَ مِن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ سَوَّىٰكَ رَجُلٗا
Дӯсташ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он кас, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва марде ростқомат кард, кофир шудаӣ?
لَّـٰكِنَّا۠ هُوَ ٱللَّهُ رَبِّي وَلَآ أُشۡرِكُ بِرَبِّيٓ أَحَدٗا
Вале Ӯ Худои якто, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро шарики Парвардигорам намесозам.
وَلَوۡلَآ إِذۡ دَخَلۡتَ جَنَّتَكَ قُلۡتَ مَا شَآءَ ٱللَّهُ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ إِن تَرَنِ أَنَا۠ أَقَلَّ مِنكَ مَالٗا وَوَلَدٗا
Чаро он гоҳ, ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳар чӣ Худованд хоҳад ва ҳеҷ қуввае ғайри қувваи Худо нест?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аз ту аст,
فَعَسَىٰ رَبِّيٓ أَن يُؤۡتِيَنِ خَيۡرٗا مِّن جَنَّتِكَ وَيُرۡسِلَ عَلَيۡهَا حُسۡبَانٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَتُصۡبِحَ صَعِيدٗا زَلَقًا
шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соъиқае (офате) бифиристад ва онро ба замине софу лағзанда бадал созад.
أَوۡ يُصۡبِحَ مَآؤُهَا غَوۡرٗا فَلَن تَسۡتَطِيعَ لَهُۥ طَلَبٗا
Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ.