وَمَا نُرۡسِلُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَۚ وَيُجَٰدِلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ لِيُدۡحِضُواْ بِهِ ٱلۡحَقَّۖ وَٱتَّخَذُوٓاْ ءَايَٰتِي وَمَآ أُنذِرُواْ هُزُوٗا

Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба мардум мужда диҳанд ё бим. Ва кофирон мехоҳанд бо ҷидоли ботил ҳақро аз миён бибаранд, ва оёту хушдорҳои Маро ба масхара мегиранд.


وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ فَأَعۡرَضَ عَنۡهَا وَنَسِيَ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُۚ إِنَّا جَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٗاۖ وَإِن تَدۡعُهُمۡ إِلَى ٱلۡهُدَىٰ فَلَن يَهۡتَدُوٓاْ إِذًا أَبَدٗا

Кист ситамкортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд ва ӯ рӯй гардонад ва корҳое, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад? Бар дили онҳо парда афкандем, то оётро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, ки агар ба роҳи ҳидояташон даъват кунӣ, ҳаргиз роҳ наёбанд.


وَرَبُّكَ ٱلۡغَفُورُ ذُو ٱلرَّحۡمَةِۖ لَوۡ يُؤَاخِذُهُم بِمَا كَسَبُواْ لَعَجَّلَ لَهُمُ ٱلۡعَذَابَۚ بَل لَّهُم مَّوۡعِدٞ لَّن يَجِدُواْ مِن دُونِهِۦ مَوۡئِلٗا

Парвардигорат бахшояндаву меҳрубон аст. Агар мехост, ба сабаби кирдорашон дар ин ҷаҳон бозхосташон кунад, бо шитоб ба азобашон месупурд. Аммо азобро замоне муъайян аст, ки чун фаро расад, паноҳгоҳе наёбанд.


وَتِلۡكَ ٱلۡقُرَىٰٓ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡ لَمَّا ظَلَمُواْ وَجَعَلۡنَا لِمَهۡلِكِهِم مَّوۡعِدٗا

Ва он деҳаҳоро, чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон ваъдае ниҳодем.



الصفحة التالية
Icon