فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۗ وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡيَتَٰمَىٰۖ قُلۡ إِصۡلَاحٞ لَّهُمۡ خَيۡرٞۖ وَإِن تُخَالِطُوهُمۡ فَإِخۡوَٰنُكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ ٱلۡمُفۡسِدَ مِنَ ٱلۡمُصۡلِحِۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَعۡنَتَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ
Туро аз ятимон мепурсанд. Бигӯ: «Ислоҳи ҳолашон беҳтар аст». Ва агар бо онҳо омезиш мекунед, чун бародарони шумо бошанд. Худованд табаҳкорро аз некӯкор бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки пирӯзманд ва ҳаким аст!
وَلَا تَنكِحُواْ ٱلۡمُشۡرِكَٰتِ حَتَّىٰ يُؤۡمِنَّۚ وَلَأَمَةٞ مُّؤۡمِنَةٌ خَيۡرٞ مِّن مُّشۡرِكَةٖ وَلَوۡ أَعۡجَبَتۡكُمۡۗ وَلَا تُنكِحُواْ ٱلۡمُشۡرِكِينَ حَتَّىٰ يُؤۡمِنُواْۚ وَلَعَبۡدٞ مُّؤۡمِنٌ خَيۡرٞ مِّن مُّشۡرِكٖ وَلَوۡ أَعۡجَبَكُمۡۗ أُوْلَـٰٓئِكَ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلنَّارِۖ وَٱللَّهُ يَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱلۡجَنَّةِ وَٱلۡمَغۡفِرَةِ بِإِذۡنِهِۦۖ وَيُبَيِّنُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ
Занони мушрикаро то имон наёваранд, ба занӣ магиред ва канизи мӯъмина беҳтар аз озодзани мушрика аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Ва ба мардони мушрик то имон наёваранд, зани мӯъмина мадиҳед. Ва бандаи мӯъмин беҳтар аз мушрик аст, ҳарчанд шуморо аз ӯ хуш ояд. Инҳо ба сӯи оташ даъват мекунанд ва Худо ба ҷониби биҳишту омурзиш. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, бошад, ки бияндешанд!
وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ فَإِذَا تَطَهَّرۡنَ فَأۡتُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَكُمُ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلتَّوَّـٰبِينَ وَيُحِبُّ ٱلۡمُتَطَهِّرِينَ
Туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Бигӯ: «Ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дури бигиред ва ба онҳо наздик машавед то пок гарданд. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Худо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед. Албатта Худо тавбакунандагон ва покизагонро дӯст дорад!».