خُلِقَ ٱلۡإِنسَٰنُ مِنۡ عَجَلٖۚ سَأُوْرِيكُمۡ ءَايَٰتِي فَلَا تَسۡتَعۡجِلُونِ

Одамӣ шитобкор офарида шуда. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед.


وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?»


لَوۡ يَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَن وُجُوهِهِمُ ٱلنَّارَ وَلَا عَن ظُهُورِهِمۡ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ

Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти худ боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист.


بَلۡ تَأۡتِيهِم بَغۡتَةٗ فَتَبۡهَتُهُمۡ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ

Аммо қиёмат ба ногаҳон биояд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон надиҳанд.


وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُواْ مِنۡهُم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад.


قُلۡ مَن يَكۡلَؤُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ مِنَ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ بَلۡ هُمۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِم مُّعۡرِضُونَ

Бигӯ: «Кист он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд.



الصفحة التالية
Icon