وَلِلۡمُطَلَّقَٰتِ مَتَٰعُۢ بِٱلۡمَعۡرُوفِۖ حَقًّا عَلَى ٱلۡمُتَّقِينَ

Барои занони талоқшуда насибест шоиста, ки бар гардани мардони парҳезгор бошад.


كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ

Худо оёташро барои шумо инчунин баён мекунад, бсшад, ки таъаққул (фаҳм) кунед!


۞أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ خَرَجُواْ مِن دِيَٰرِهِمۡ وَهُمۡ أُلُوفٌ حَذَرَ ٱلۡمَوۡتِ فَقَالَ لَهُمُ ٱللَّهُ مُوتُواْ ثُمَّ أَحۡيَٰهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ

Оё он ҳазорон танро надидаӣ, ки аз бими марг аз хонаҳои хеш берун рафтанд? Сипас, Худо ба онҳо гуфт: «Бимиред!» Он гоҳ, ҳамаро зинда сохт. Худо ба мардум неъмат медиҳад, вале бештари мардум шукри неъмат ба ҷой намеоваранд!


وَقَٰتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

Дар роҳи Худо ҷанг кунед ва бидонед, ки Худо шунаво ва доност!


مَّن ذَا ٱلَّذِي يُقۡرِضُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥٓ أَضۡعَافٗا كَثِيرَةٗۚ وَٱللَّهُ يَقۡبِضُ وَيَبۡصُۜطُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

Кист, ки ба Худо қарзи нек диҳад, то Худо бар он чанд баробар афзояд? Худо тангдастӣ диҳад ва тавонгарӣ бахшад ва шумо ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед!



الصفحة التالية
Icon