يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنفِقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ يَوۡمٞ لَّا بَيۡعٞ فِيهِ وَلَا خُلَّةٞ وَلَا شَفَٰعَةٞۗ وَٱلۡكَٰفِرُونَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки он рӯзе фаро расад, ки на дар он хариду фурӯше бошад ва на дӯстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо рузӣ додаем, садақа кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд.


ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُۚ لَا تَأۡخُذُهُۥ سِنَةٞ وَلَا نَوۡمٞۚ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيۡءٖ مِّنۡ عِلۡمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَۚ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ وَلَا يَـُٔودُهُۥ حِفۡظُهُمَاۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ

Оллоҳ худоест, ки ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Зиндаву поянда аст. На хоби сабук Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат кунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад ва ба илми Ӯ ҷуз он чӣ Худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курит Ӯ осмонҳо ва заминро иҳота дорад. Нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест. Ӯ баландпояву бузург аст!


لَآ إِكۡرَاهَ فِي ٱلدِّينِۖ قَد تَّبَيَّنَ ٱلرُّشۡدُ مِنَ ٱلۡغَيِّۚ فَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلطَّـٰغُوتِ وَيُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰ لَا ٱنفِصَامَ لَهَاۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Дар дин ҳеч маҷбурие нест. Ҳидоят ва гумроҳӣ равшан шудааст. Пас ҳар кас, ки ба тоғут кофир шавад ва ба Худой имон оварад, ба чунон риштаи устуворе чанг зада, ки канданиаш набошад. Худо шунаво ва доност!



الصفحة التالية
Icon