قَالَتۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ إِنِّيٓ أُلۡقِيَ إِلَيَّ كِتَٰبٞ كَرِيمٌ
Зан гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман партофта шуд.
إِنَّهُۥ مِن سُلَيۡمَٰنَ وَإِنَّهُۥ بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Нома аз Сулаймон аст ва ин аст: «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон».
أَلَّا تَعۡلُواْ عَلَيَّ وَأۡتُونِي مُسۡلِمِينَ
«Бар ман бартарӣ маҷӯед ва ба таслим назди ман биёед».
قَالَتۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ أَفۡتُونِي فِيٓ أَمۡرِي مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمۡرًا حَتَّىٰ تَشۡهَدُونِ
Зан гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки то шумо ҳозир набошед, ман ҳеҷ кореро ҳал натавонам кард».
قَالُواْ نَحۡنُ أُوْلُواْ قُوَّةٖ وَأُوْلُواْ بَأۡسٖ شَدِيدٖ وَٱلۡأَمۡرُ إِلَيۡكِ فَٱنظُرِي مَاذَا تَأۡمُرِينَ
Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони ҷанги сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ».
قَالَتۡ إِنَّ ٱلۡمُلُوكَ إِذَا دَخَلُواْ قَرۡيَةً أَفۡسَدُوهَا وَجَعَلُوٓاْ أَعِزَّةَ أَهۡلِهَآ أَذِلَّةٗۚ وَكَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ
Зан гуфт: «Подшоҳон чун ба деҳае дароянд, вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Оре, чунин кунанд.