وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِـۧمُ رَبِّ أَرِنِي كَيۡفَ تُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰۖ قَالَ أَوَلَمۡ تُؤۡمِنۖ قَالَ بَلَىٰ وَلَٰكِن لِّيَطۡمَئِنَّ قَلۡبِيۖ قَالَ فَخُذۡ أَرۡبَعَةٗ مِّنَ ٱلطَّيۡرِ فَصُرۡهُنَّ إِلَيۡكَ ثُمَّ ٱجۡعَلۡ عَلَىٰ كُلِّ جَبَلٖ مِّنۡهُنَّ جُزۡءٗا ثُمَّ ٱدۡعُهُنَّ يَأۡتِينَكَ سَعۡيٗاۚ وَٱعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ

Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамой, ки мурдагонро чӣ гуна зинда месозӣ». Гуфт: «Оё ҳанӯз имон наёвардаӣ?» Гуфт; «Бале, валекин мехоҳам, ки дилам ором ёбад». Гуфт; «Чаҳор парранда бигиру гӯшти онҳоро ба ҳам биёмез ва ҳар ҷузъе аз онҳоро бар кӯҳе бинеҳ. Пас онҳоро фарёд кун. Шитобон назди ту меоянд ва бидон, ки Худо пирӯзманд ва ҳаким аст».


مَّثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنۢبَتَتۡ سَبۡعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنۢبُلَةٖ مِّاْئَةُ حَبَّةٖۗ وَٱللَّهُ يُضَٰعِفُ لِمَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Мисоли онҳо ки моли худро дар роҳи Худо харч мекунанд, мисоли донаест, ки ҳафт хӯша бароварад ва дар ҳар хӯшае сад дона бошад. Худо подоши ҳар киро, ки бихоҳад, чанд баробар мекунад. Худо кушоишдиҳанда ва доност!


ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ لَا يُتۡبِعُونَ مَآ أَنفَقُواْ مَنّٗا وَلَآ أَذٗى لَّهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

Музди касоне, ки молҳои худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд ва пас аз харҷ миннате намениҳанд ва озоре намерасонанд, бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на андӯҳгин.



الصفحة التالية
Icon