أَمَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَمَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Ё он ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад ва он, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Бигӯ; Агар рост мегӯед: далели худ биёваред!»
قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ
Бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Оллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»
بَلِ ٱدَّـٰرَكَ عِلۡمُهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ مِّنۡهَاۖ بَلۡ هُم مِّنۡهَا عَمُونَ
Дар боби охират ба яқин расиданд? На! Ҳамчунон дар шак ҳастанд, балки мардуме нобиноянд.
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبٗا وَءَابَآؤُنَآ أَئِنَّا لَمُخۡرَجُونَ
Кофирон гуфтанд: «Чӣ гуна агар мову падаронамон хок шудем, моро аз қабр берун меоваранд?
لَقَدۡ وُعِدۡنَا هَٰذَا نَحۡنُ وَءَابَآؤُنَا مِن قَبۡلُ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае дода буданд. Инҳо чизе ғайри афсонаҳои пешиниён нест!»