وَتَرَى ٱلۡجِبَالَ تَحۡسَبُهَا جَامِدَةٗ وَهِيَ تَمُرُّ مَرَّ ٱلسَّحَابِۚ صُنۡعَ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ أَتۡقَنَ كُلَّ شَيۡءٍۚ إِنَّهُۥ خَبِيرُۢ بِمَا تَفۡعَلُونَ
Ва кӯҳҳоро бинӣ, пиндорӣ, ки беҷонанд, ҳол он, ки ба суръати абр мераванд. Кори Худованд, аст, ки ҳар чизеро ба камол халқ кардааст. Албатта Ӯ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст.
مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيۡرٞ مِّنۡهَا وَهُم مِّن فَزَعٖ يَوۡمَئِذٍ ءَامِنُونَ
Ҳар кас, ки кори неке кунад, беҳтар аз онро мукофот гирад ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз дар амон бошанд.
وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَكُبَّتۡ وُجُوهُهُمۡ فِي ٱلنَّارِ هَلۡ تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд, сарнагун дар оташ андозанд, оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки кардаед, ҷазо ёбед?
إِنَّمَآ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ رَبَّ هَٰذِهِ ٱلۡبَلۡدَةِ ٱلَّذِي حَرَّمَهَا وَلَهُۥ كُلُّ شَيۡءٖۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
Ба ман фармон шуда, ки Парвардигори ин шаҳрро бипарастам. Шаҳре, ки Худованде, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам.
وَأَنۡ أَتۡلُوَاْ ٱلۡقُرۡءَانَۖ فَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَقُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ
Ва Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар ки ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: «Ман бимдиҳандае ҳастам».