يُؤۡتِي ٱلۡحِكۡمَةَ مَن يَشَآءُۚ وَمَن يُؤۡتَ ٱلۡحِكۡمَةَ فَقَدۡ أُوتِيَ خَيۡرٗا كَثِيرٗاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ

Ба ҳар ки хоҳад, ҳикмат медиҳад. Ва ба ҳар ки ҳикмат медиҳад, некии фаровон дода шуда. Ва ҷуз хирадмандон панд напазиранд.


وَمَآ أَنفَقۡتُم مِّن نَّفَقَةٍ أَوۡ نَذَرۡتُم مِّن نَّذۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُهُۥۗ وَمَا لِلظَّـٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٍ

Хар чиро садақа ё назр кардаед, Худо ба он огоҳ аст. Ва ситамкоронро ҳеҷ ёреву мададгоре нест!


إِن تُبۡدُواْ ٱلصَّدَقَٰتِ فَنِعِمَّا هِيَۖ وَإِن تُخۡفُوهَا وَتُؤۡتُوهَا ٱلۡفُقَرَآءَ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۚ وَيُكَفِّرُ عَنكُم مِّن سَيِّـَٔاتِكُمۡۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ

Агар ошкоро садақа диҳед, коре некуст ва агар пинҳонӣ ба бенавоён садақа диҳед, некӯтар аст ва гуноҳони шуморо дур созад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!


۞لَّيۡسَ عَلَيۡكَ هُدَىٰهُمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يَشَآءُۗ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَلِأَنفُسِكُمۡۚ وَمَا تُنفِقُونَ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ ٱللَّهِۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ يُوَفَّ إِلَيۡكُمۡ وَأَنتُمۡ لَا تُظۡلَمُونَ

Ҳидоят ёфтани онон бар ӯҳдаи ту нест, балки Худост, ки ҳар киро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва ҳар моле, ки садақа мекунед, савобаш азони худи шумост ва ҷуз барои хушнудии Худо чизе харҷ макунед ва ҳар чӣ харҷ кунед, мукофоти он ба шумо мерасад ва бар шумо ситам нахоҳад шуд.



الصفحة التالية
Icon