۞وَإِن كُنتُمۡ عَلَىٰ سَفَرٖ وَلَمۡ تَجِدُواْ كَاتِبٗا فَرِهَٰنٞ مَّقۡبُوضَةٞۖ فَإِنۡ أَمِنَ بَعۡضُكُم بَعۡضٗا فَلۡيُؤَدِّ ٱلَّذِي ٱؤۡتُمِنَ أَمَٰنَتَهُۥ وَلۡيَتَّقِ ٱللَّهَ رَبَّهُۥۗ وَلَا تَكۡتُمُواْ ٱلشَّهَٰدَةَۚ وَمَن يَكۡتُمۡهَا فَإِنَّهُۥٓ ءَاثِمٞ قَلۡبُهُۥۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٞ

Ҳар гоҳ дар сафар будед ва котибе наёфтед, бояд чизе ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро боварӣ кард, он кас, ки боварӣ карда шуд, амонатро боз диҳад ва бояд аз Оллоҳ, Парвардигораш битарсад. Ва шоҳидиро пинҳон макунед. Ҳар кас, ки шоҳидиро пинҳон кунад, ба дил гуноҳкор аст ва Худо аз коре, ки мекунед, огоҳ аст!


لِّلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَإِن تُبۡدُواْ مَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ أَوۡ تُخۡفُوهُ يُحَاسِبۡكُم بِهِ ٱللَّهُۖ فَيَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ, ошкораш созед ё пушидааш доред, Худо шуморо ба он бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!


ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِۦۚ وَقَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ غُفۡرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ

Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ як паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки бозгашти ҳама ба сӯи туст!»



الصفحة التالية
Icon