Ва [ин] эъломест аз ҷониби Аллоҳ таоло ва паёмбараш ба мардум дар рӯзи ҳаҷҷи акбар [иди қурбон], ки: «Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз мушрикон безоранд». Пас, агар тавба кунед, барои шумо беҳтар аст ва агар рӯ бигардонед [ва сарпечӣ кунед], пас, бидонед, ки шумо [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед]. Ва [ту эй паёмбар] касонеро ки куфр варзиданд, ба азоби дардноке башорат бидеҳ