Пас, чун моҳҳои ҳаром сипарӣ шуд, мушриконро ҳар куҷо ёфтед, бикушед ва ононро дастгир кунед ва дар муҳосира бигузоред ва дар ҳар гузаргоҳе ба камини онон бинишинед.Пас, агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, раҳояшон кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст