Чигуна мушрикон метавонанд назди Аллоҳ таоло ва паёмбараш [аҳду] паймоне дошта бошанд? Магар [дар мавриди] касоне, ки бо онон наздики Масҷиду-л-ҳаром [дар Ҳудайбия] паймон бастаед. Пас, то [мушрикон дар мавриди он аҳд] бо шумо пойдоранд, шумо [низ] бо онон пойдор бошед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад


الصفحة التالية
Icon