[Эй мушрикон] Оё об додан ба ҳоҷиён ва обод кардани Масҷиду-л-ҳаромро бо [имону амали] касе, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон оварда ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кардааст, баробар медонед? [Ин ду ҳаргиз] Назди Аллоҳ таоло баробар нестанд. Ва Аллоҳ таоло ситамгорон [-и мушрик]-ро ҳидоят намекунад