[Эй паёмбар, ба муъминон] Бигӯ: «Агар падарону фарзандон ва бародарон ва ҳамсарон ва хешовандонатон ва амволе, ки ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодиаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, назди шумо аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ маҳбубтаранд, пас, мунтазир бошед, то Аллоҳ таоло фармони [азоби] хешро нозил кунад. Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи нофармонро ҳидоят намекунад»