Ва бархе аз онон [мунофиқон] ҳастанд, ки паёмбарро меозоранд ва мегӯянд: «Ӯ зудбовар [ва соропо гӯш] аст». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Ӯ барои шумо [фақат] шунавандаи сухани хайр аст. [Вай] ба Аллоҳ таоло имон дорад ва [сухани] муъминонро бовар дорад ва барои касоне аз шумо, ки имон овардаанд, раҳматест». Ва касоне, ки Расулуллоҳро меозоранд, азоби дарднок [дар пеш] доранд