Ва агар Аллоҳ таоло туро ба сӯйи гурӯҳе аз онҳо бозгардонд ва аз ту барои ҳамроҳӣ [дар ҷиҳоди дигар] иҷозат хостанд, бигӯ: «[Аз ин пас] Ҳаргиз бо ман раҳсипор [-и ҷиҳод] нахоҳед шуд ва ҳаргиз ҳамроҳ бо ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо нахустинбор ба хонанишинӣ ризоият додед, пас, бо хонанишинон бинишинед