Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд ва ончиро, ки инфоқ мекунанд, боиси наздикӣ ба Аллоҳ таоло ва дуоҳои паёмбар [дар ҳаққи хеш] медонанд. Огоҳ бошед! [Ин инфоқ] Мояи наздикии онҳост. Аллоҳ таоло [дар қиёмат] ононро дар ҷивори раҳмати хеш дархоҳад овард. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст