Ва [ҳатто] агар Қуръоне буд, ки кӯҳҳо аз [ҳайбати] он ба ҳаракат дармеомад ва замин пора-пора мешикофт ё мурдагон аз [тиловати] он ба сухан дармеомаданд, [боз ҳам кофирон имон намеоварданд]. Амри [тадбири ҷаҳон ва нузули муъҷизот] аз они Аллоҳ таоло аст. Оё касоне, ки имон овардаанд, намедонанд, ки агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва касоне, ки куфр варзиданд, пайваста ба [сазои] он чи кардаанд, гирифтори мусибати кӯбандае мешаванд ё [азоби илоҳӣ] наздики хонаҳояшон фуруд меояд ё [саранҷом] ваъдаи Аллоҳ таоло фаро мерасад. Бе тардид, Аллоҳ таоло хилофи ваъда намекунад


الصفحة التالية
Icon