Эй мардум, агар дар бораи барангехта шудан [дар қиёмат] тардид доред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва он гоҳ аз хуни басташуда, сипас аз порагӯште шаклёфта ва [баъзан] шаклноёфта, [чунин кардем] то [қудрати хешро] бароятон ошкор созем; ва ҳар чиро ки бихоҳем, то муддате муайян дар раҳим [-и модарон] нигаҳ медорем, он гоҳ шуморо ба сурати навзоде берун меоварем, сипас [парвариш меёбед] то ба ҳадди рушд [ва булуғи] худ бирасед ва аз шумо касе ҳаст, ки [дар даврони ҷавонӣ] мемирад ва касе низ ҳаст [ки он қадар умр мебинанд, то] ба ниҳояти фурӯтанӣ [ва куҳансолӣ] мерасад, чунонки пас аз [он ҳама] дониш [ҳамаро фаромӯш мекунад ва] чизе намедонад. Ва [аммо мисоле дигар] заминро хушкида мебинӣ, вале чун оби [борон] бар он фурӯ мефиристем, ба ҷунбиш дармеояд ва рушд мекунад ва аз ҳар навъ [гиёҳи] зебое мерӯёнад