Ва ба занони муъмин [низ] бигӯ, чашмони худро [аз нигоҳ ба номаҳрам] фурӯ гиранд ва покдоманӣ варзанд ва зевар [-у ороиши] худро ошкор накунанд, магар он чи [ба сурати табиӣ] намоён аст. Ва бояд рӯсарии худро бар сина биафкананд [то мӯйҳо ва синаҳошон пӯшида гардад] ва зинати худро ошкор насозанд, магар барои шавҳар ё падар ё падаршавҳар ё писари худ ё писари шавҳарашон ё бародар ё писари бародар ё писари хоҳар ё [дигар] занон ё канизон ва бардагонашон ё хешовандоне, ки [дигар] ниёз ва тамоюле ба занон надоранд ё кӯдаконе, ки аз масоили ҷинсии занон огоҳӣ наёфтаанд. Ҳамчунин, [ҳангоми роҳ рафтан] пойҳои худро [чунон бар замин] накӯбанд, ки [садои] зиннатҳое, ки [зери либос] пинҳон кардаанд, [халхол] ошкор шавад. Ва эй муъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ таоло тавба кунед; бошад, ки растагор гардед