Касоне, ки [шароиту имконоти] издивоҷ надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ таоло ононро аз бахшиши хеш бениёз намояд. Ва бардагоне, ки хостори бозхарид [ва озодии хеш] ҳастанд, агар дар онон [тавоноии пардохти мол ва] шоистагӣ мебинед, [дархосташонро] бипазиред ва аз сарвате, ки Аллоҳ таоло ба шумо ато кардааст, чизе ба онон бахшед [то ба озодиашон кумак кунед]. Ҳамчунин, канизонатонро, ки мехоҳанд покдоман бошанд, ба зино водор накунед, то баҳраи [ночиз] зиндагии дунёро ба даст оваред ва агар касе, ки ононро [ба ин кор] ворид намояд, Аллоҳ таоло пас аз маҷбур шуданашон, ҳатман, [нисбат ба онон] омурзанда [ва] меҳрубон аст


الصفحة التالية
Icon