Аллоҳ таоло нури осмонҳо ва замин аст. Масали нури Ӯ ҳаммонанди чароғдонест, ки дарунаш чароғе [афрӯхта] аст [ва] он чароғ дар шишае қарор дорад [ва] он шиша гӯӣ ситорае дурахшон аст. Ин чароғ бо [равғани] дарахти пурбаракати зайтун афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ [ва хуршед ҳамвора бар он метобад]. Равғанаш [чунон зулол аст, ки] наздик аст, бидуни тамос бо оташ шуълавар гардад. Нурест афзун бар нур. [Қалби муъмин низ бо нури ҳидоят ин гуна равшан мешавад] Ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба нури хеш ҳидоят мекунад ва Аллоҳ таоло барои мардум масалҳо мезанад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чиз доност


الصفحة التالية
Icon