Ва касоне, ки куфр варзиданд, аъмолашон ҳамчун саробе дар биёбоне ҳамвор аст, ки [аз дур инсони] ташна онро об мепиндорад, то он ки наздикаш мешавад [ва] чизе намеёбад ва [аъмоли кофир низ саробест, ки суде барояш надорад ва дар иваз] Аллоҳро назди хеш меёбад, ки ҳисобашро ба таври комил медиҳад ва Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст