Муъминони [воқеӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон овардаанд ва ҳангоме ки барои [иҷрои як] амри иҷтимоӣ бо ӯ [паёмбар] ҳамроҳ ҳастанд, то аз вай иҷозат нагирифтаанд, [аз ҷамъ] хориҷ намешаванд. Бе тардид, касоне, ки аз ту иҷозат мегиранд, ононанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд. Пас, агар барои анҷоми бархе корҳо [-и муҳим]-и худ аз ту иҷозат мехоҳанд, ба ҳар як аз онон, ки мехоҳӣ иҷозат бидеҳ ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст