[Эй паёмбар] Ба касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки боғҳое [аз биҳишт] барояшон [дар пеш] аст, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳар замон, ки мевае аз он ба эшон дода шавад, мегӯянд: "Ин ҳамон аст, ки пеш аз ин [дар дунё] рӯзии мо шуда буд; дар ҳоле ки шабеҳи он ба эшон дода шуда буд [на худи он] ва [дар он ҷо] ҳамсарони поке доранд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд"