Вале ҳангоме ки [паёмбари] ҳақ аз ҷониби Мо ба суроғашон омад, [яҳудиён аз сари лаҷоҷат] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте ҳаммонанд Мӯсо ба ӯ дода нашудааст»? [Дар посухашон бигӯ] «Магар [яҳудиён] дар гузашта муъҷизоти Мӯсоро инкор накарданд»? Онон гуфтанд: «[Қуръону Таврот] ду ҷоду ҳастанд, ки якдигарро таъйид мекунанд» ва гуфтанд: «Мо тамоми [матолиби] онҳоро инкор мекунем»