Эй паёмбар, Мо ҳамсаронат, ки маҳрашонро пардохтаӣ ва [низ] канизонеро, ки Аллоҳ таоло [аз баҳраи ҷанг] ба ту арзонӣ доштааст, бароят ҳалол кардаем ва [низ издивоҷ бо] духтари амуҳоят ва духтари аммаҳоят ва духтартағоҳоят ва духтархолаҳоят, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ва [ҳамчунин] агар зани муъмине худро [бидуни маҳрия] ба паёмбар бибахшад, чунончи паёмбар бихоҳад, [метавонад] бо вай издивоҷ кунад. [Ин ҳукм] Вижаи туст, на дигар муъминон. Бе тардид, Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсарон ва канизонашон чи ҳукме таъйин кардаем. [Ин ҳукми вижаро барқарор кардем] То ҳеҷ тангное [дар роҳи анҷоми вазифа] бар ту набошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст