Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил нашавед; магар он ки барои [сарфи] ғизое ба шумо иҷозат диҳанд; бе он ки [зудтар аз вақти ғизо биравед ва] мунтазири омода шуданаш шавед; вале ҳангоме ки шуморо фаро хонданд, ворид шавед ва чун ғизо хӯрдед, пароканда гардед ва саргарми [баҳс ва] гуфтугӯ нашавед. Ин [рафторатон] паёмбарро меозорад ва ӯро аз [ибрози ин мавзӯъ дар баробари] шумо шарм дорад; [вале] Аллоҳ таоло аз [баёни] ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме ки аз ҳамсарони ӯ дархосте доред, [ниёзатонро] аз пушти пардае аз онон бихоҳед [ва дар чеҳраи онон нанигаред; чаро ки] ин [кор] барои дилҳои шумо ва эшон поктар аст; ва [ҳамчунин] бароятон сазовор нест, ки Расулуллоҳро биёзоред ва ҳаргиз шоистаи шумо нест, ки пас аз ӯ бо ҳамсаронаш издивоҷ кунед. Ба ростӣ, ки ин [кор] назди Аллоҳ таоло [гуноҳе] бузург аст