Ва [ёд кун] ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: "Ман дар замин [барои башари номасъулу беихтиёр] ҷонишине хоҳам гумошт [ки масъулу мукаллаф аст]. Онон гуфтанд: Оё касеро дар он ҷо мегуморӣ, ки табаҳкорӣ ва хунрезӣ кунад, дар ҳоле ки мо Туро бо сипос ба покӣ меситоем ва тақдис мекунем? Аллоҳ таоло гуфт: "Ман [дар бораи ҳадафу маслиҳати офариниши ӯ] чизҳое медонам, ки шумо намедонед"