Ҳангоме ки далоили маҳками нубуввати паёмбар бар кофирон арза шуд, онон аз рӯйи бартарихоҳӣ [ва ҳасодат]-е ки байнашон буд, роҳи тафриқа тай намуданд ва агар фармони Парвардигорат [дар мавриди муҳлат ва таъхири азоб] то замоне муайян аз пеш муқаррар нашуда буд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва аммо пас аз кофирон [ва ба далели инкору ихтилофи онон] ворисони китоб [Таврот ва Инҷил низ] дар мавриди Қуръон сахт дар тардид ва бадгумонӣ ҳастанд


الصفحة التالية
Icon