Чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед, то он ки [бисёре аз ононро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурукаш кунад. Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад


الصفحة التالية
Icon