Ва [эй шавҳарон] агар ҳамсаронатон фарзанде надошта бошанд, ниме аз тарака барои шумост ва агар фарзанде дошта бошанд, як чаҳоруми [чаҳоряк] тарака аз они шумост. [Албатта] Пас аз [амал ба] васияте, ки кардаанд ё [пардохти] воме, ки доранд. Ва агар шумо фарзанде надошта бошед, як чаҳоруми таракаи шумо барои занонатон аст ва агар фарзанде дошта бошед, як ҳаштуми таракаи шумо аз они эшон аст. [Албатта] Пас аз амал ба васияте, ки кардаед ва [пардохти] воме [ки доред]. Ва агар мард ё зане, ки аз ӯ ирс мебаранд, падар ё фарзанд надошта бошад [калола бошад] ва бародар ё хоҳар дошта бошад, пас, барои ҳар як аз онон як шашуми [тарака] аст. Ва агар [хешовандони чунин шахсе] беш аз ин [ду нафар] бошанд, дар ин сурат, дар як савум [аз тарака] шариканд. [Албатта] Пас аз анҷоми васияте, ки бад-он супориш шуда ё воме, ки [бояд пардохт гардад, ба шарти он ки аз ин тариқ], зиёне [ба ворисон] нарасонад. [Ин ҳукм] Супориши Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло донои бурдбор аст